Ба ифтихори воқеаи муҳими таърихӣ
«Анҷумани саодати халқ»,- чунин унвон дошт, чорабинии сиёсӣ - тарбиявии, ки бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори факултаи филологияи тоҷик, бо иштироки Файзуллохоҷа Атохоҷаев, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ҳозира «Ҳақиқати Суғд» дар солҳои 1989 – 1994 Ҷовид Аштӣ, намояндаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», мухбири парлумонӣ дар радиои Тоҷикистон дар баргузории Иҷлосия, Рустамҷон Юлдошев, мудири осорхонаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, Карим Шариф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҳабиба Ҷалилова, сармуҳаррири телевизиони вилояти Суғд, ҷавонтарин журналист дар баргузории иҷлосия, Муҳаббат Тиллохоҷаева, декани факулта, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Каримбой Комилов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, устодону донишҷӯёни бахши журналистика баргузор гардид.