Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Таъмири барвақти пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия барои боз ҳам боэътимод намудани обрасонӣ ба соҳаи кишоварзӣ таъмиру навсозии иншооти ирригатсионӣ, хусусан 31 адад пойгоҳҳои барқии обкаширо барвақт оғоз намуданд.

Таъмири асосии қисҳои эҳтиётии 128 агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар базаи истеҳсолии идораи беҳдошти замин ва обери ноҳия, ки аз коргоҳҳои мукаммали соҳа аст, сурат мегирад.

Дар ноҳия дар баробари дигар иншооти обрасонӣ таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию заминҳои кишоварзии аҳолӣ аз вазъу ҳолати 3 пойгоҳи барқии обкашии шинокунандаи  «Хоҷабоқирғон» ва 1 ва пойгоҳи обкашии шинокунандаи «Сомғор» вобастагии калон дорад.

Зеро аз 22 ҳазор гектар замини корами обии танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ 14 ҳазор гектараш тавассути пойгоҳҳои «Хоҷабоқирғон 1-2-3» ва 5,7 ҳазор гектараш ба воситаи агрегатҳои 3 пойгоҳи «Сомғор» дар се бардошт бо оби полезӣ таъмин карда мешавад.

Гурўҳи челонгару барқчиҳо дар худи пойгоҳҳои обкашӣ таъмири ҷории муҳаррикҳоро гузаронида истодаанд. Ин асосан, таъмири асосии рехтаҳои чуянӣ, чархҳои корӣ, тирҳои чархҳои корӣ ва таъмин бо рангу материалҳои изолясионӣ мебошад. Дар асоси шартнома рехтаҳои чуянӣ аз корхонаи механики шаҳри Бўстон, аз корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» харидорӣ карда мешавад.

Тавре аз Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ иттилоъ доданд, дар мавсими соли 2016 ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба маблағи 3 миллиону 940 ҳазор сомонӣ оби полезӣ дода шуда, зиёда аз аз 2 миллиону 800 ҳазор сомонии он аз тарафи хоҷагиҳои пардохт карда шудааст. Ин фоизи баланди пардохти ҳаққи истифодаи оби полезӣ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад, ки барои таъмири саривақти имконият додаст. Дар назар аст, ки таъмиру омодагии пойгоҳҳои обкашӣ то оғози соли нав анҷом ёбад.


 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ