Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Н.Б.Ғафуров: Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар яхдонҳо

E-mail Чоп PDF

Дар 8 яхдон-анбори мавҷуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ангур, себ, хурмо, полезиҳо ва ғайра ба миқдори зарурӣ аз рўи нақша барои таъмини бозору нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар давраи зимистон ва аввали баҳор захира карда шудааст.

Яхдонҳои мавҷуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  асосан барои захираи ангуру мева пешбинӣ шудаанд, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов воқеъ мебошанд.  Аз 8 адад яхдонҳо 6 ададаш мансуби соҳибкорони инфроди мебошад.

Алҳол захираи ангури «тоифӣ» ва дигар навъҳо дар ҳудуди ноҳия ба зиёда аз 900 тонна расонида шудааст.

Навъи дигари мева, ки захираи он дар сардхонаҳои ноҳия давом дорад анвои себ аст. То ин давра ба сардхонаҳои ноҳия беш аз 300 тонна себ, маҳсули дасти боғбонҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Истаравшан, Шаҳристону Ашт харидорию ворид карда шудааст, ки дар сардхонаи «Баҳор»-и шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров нигоҳдорӣ мешавад.

Дар сардхонаи соҳибкори инфроди Саҳобиддин Иброҳимов дар шаҳри Гулистон бар замми 100 тонна себ 50 тонна биҳӣ-ҳосили боғоти ноҳияи Б.Ғафуров мебошад, нигоҳ дошта мешаванд.

Дар масоҳати боқимондаи сардхонаҳои ноҳия захираи сабзавот: аз ҷумлаи сабзӣ, турбу шалғам, карам ва ғайраҳо аз ҳосили кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст.


 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ