Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Истиқлолият - рамзи пойдории давлат

E-mail Чоп PDF

9 сентябри соли 2017 дар Варзишгоҳи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, ҳокими ноҳияи Лайлаки ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои ноҳиявӣ, намояндагони муассисаҳои мухталифи иҷтимоӣ, ҷавонону наврасон ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.

Чорабинии мутантан бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ тантанаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷашни муқаддаси миллиро ба кулли мардуми ноҳия табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки бисту шаш сол муқаддам миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар буда, барои ҳар фарди ватандӯсту бедордил ҷашни муқаддас ва боиси ифтихори бузург аст.

Сипас, намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад суханронӣ намуда, мардуми сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборакбод намуд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо низ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.

Дар идомаи он ҳокими ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон низ мардуми ноҳияро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфт.

Сипас, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешқадамони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо "Ифтихорнома" ва ғолибони мусобиқаи ноҳиявии "Маҳаллаи беҳтарин" бо "Диплом" ва телевизори ранга сарфароз гардиданд.

Чорабинӣ бо намоиши барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки аз мавзӯъҳои ватанпарастӣ, озодиву истиқлол, бахту саодат, муҳаббату ҷавонӣ ва сулҳу амонӣ саршор буд, ҳусни анҷом пазируфт.


 

Ҷустуҷӯ