Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Фестивали ноҳиявии «Атласу адраси Суғд -2017»

E-mail Чоп PDF

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Раиси ноҳия таҳти №533 аз 18.09.2017 «Дар бораи гузаронидани Фестивали ноҳиявии «Атласу адраси Суғд -2017» ба тависб расид.

29-уми сентябри соли 2017 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия Фестивали ноҳиявии «Атласу адраси Суғд - 2017» баргузор гардид.

Тарроҳон аз 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия либосҳои дӯхтаи худро ба намоиш гузошта, маҳорати дӯзандагии хешро бо риояи фарҳангу анъанаҳои миллӣ нишон доданд.

Махфират Деҳқонова аз ҷамоати деҳоти Исфисор барои беҳтарин «Либоси арӯсӣ», Шаҳноза Аҳмедова аз ҷамоати шаҳраки Ғафуров барои беҳтарин «Либоси миллии қадима», Орзугул Бердиева аз ҷамоати деҳоти Овчиқалъача барои беҳтарин «Либоси расмӣ», Гулҷаҳон Норчаева аз ҷамоати деҳоти Чашмасор барои беҳтарин «Либоси идона» ҷойи авваро соҳиб шуданд.

Солиҳа Аҳмедова аз ҷамоати деҳоти Ёва барои беҳтарин «Либоси миллии қадима», Ойнисо Марупова, аз ҷамоати деҳоти Унҷӣ барои беҳтарин «Либоси кӯдакона», Саноат Сангинова, аз ҷамоати деҳоти Хистеварз барои беҳтарин «Либоси расмӣ», Фароғат Солиева, аз ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов барои беҳтарин «Либоси идона» ҷойи дуюм ва Умеда Нурматова, аз ҷамоати деҳоти Ғозиён барои беҳтарин «Либоси миллии қадима», Миҷгона Аҳмедова аз ҷамоати деҳоти Овчиқалъача барои беҳтарин «Либоси кӯдакона», Муҳаббат Ҳакимова аз ҷамоати деҳоти Зарзамин барои беҳтарин «Либоси расмӣ», Робия Катахӯҷаева аз ҷамоати деҳоти Ҳайдар.Усмонов барои беҳтарин «Либоси идона» бо гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия сарфарозонида, инчунин, кӯдаконе, ки бо либосҳои дӯхтаи тарроҳон иштирок намуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ