Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Барқияҳои тасаллият аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

E-mail Чоп PDF

Дар робита ба даргузашти Нуриддин Раҳмон-бародари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои тасаллият ворид гардиданд.

Дар Паёми тасаллияти Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ал-Сабоҳомадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,,,

Бо андуҳи гарон вафоти бародари гиромиатон Нуриддин Раҳмонро (Худо раҳматаш кунад) қабул намудам.

Ҷаноби Олӣ, самимонатарин таъзия ва ҳамдардии содиқонаи хешро ба Шумо барои ин мусибат арз менамоям ва аз даргоҳи Худои Мутаол масъалат дорам, ки марҳумро мағфират ва дар ҷаннати худ сокин гардонида, ба Шумо ва оилаи муҳтарам сабру шикебоӣ ва ҳусни азодорӣ ато гардонад.

Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бармегардем,,,»

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи тасаллияти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари даргузашти бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтам.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро дар робита ба талафоти сангине, ки ба сари Шумо ва наздиконатон омад, қабул фармоед».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар номаи тасаллияташ чунин нигоштааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари марги ногаҳонии бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи гарон дарёфтам. Талаф додани шахси наздик ин андӯҳи гарон ва талафоти бебозгашт аст.

Дар ин лаҳзаҳои душвор хоҳишмандам тасаллияти амиқи маро бипазиред, инчунин эҳсоси ҳамдардиро ба наздикону пайвандонатон расонед».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ