Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Грант барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани ҳунармандон аз ҷумлаи бонувону духтарон, рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли равон дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ маблағи грант таъсис додааст.

   Аз ин хусус Раиси ноҳия Зариф Назирӣ дар маросими намоишгоҳи ҳунарҳои миллии ниёгон, ки чанде пеш дар ҷамоати Хистеварз баргузор гардид, иброз   дошт.

    “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дастгирии Шумо ҳунармандон омода аст, ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намояд то ин, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз иқдоми неки Пешвои миллат дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ бархурдор бошад.

  Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ду марҳила ҷудо карда шуда, ҳунармандон метавонанд аз он бархурдор бошанд ва лоиҳаҳои худро пешниҳод созанд”, - гуфт Зариф Назирӣ.

   Ҳоло дар ҳудуди зиёда аз 50 навъи ҳунарҳои мардумӣ рушд мекунад ва беш  аз ҳафт ҳазор нафар бо ҳунармандӣ машғул ҳастанд.

 

 

                                                                                                 Хадамоти матбуоти

                                                                             Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ