Иҷтимоиёт

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ БАРРАСӢ ШУДАНД

     Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024 баён доштанд, бо мақсади беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба фарҳанг ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои ҷорӣ бо шумораи зиёди омӯзгорону волидон ва хонандагон дар маҷлисгоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 10 мулоқот баргузор карда шуд.

Мулоқотро муовини Раиси ноҳия Дилором Турсунзода оғоз бахшида, оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат сухан кард.

Инчунин, дар мулоқот мудири шуъбаи маорифи ноҳия Махсуда Абдуллозода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода, сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фахриддин Болтуев, сартабиби маркази саломати деҳоти Ёва иштирок иштирок ва суханронӣ карданд.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ғамхоронаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми давлатдории навин низоми маориф ва илмро соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат дониста, мавриди пуштибонии махсус қарор додаанд. Тайи солҳои охир барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар самти фарогирии наврасону ҷавонон ба омӯзиш, пешбурди раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донищманд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҷдиди назар карда шуда, таҳияву тасдиқ гардиданд.

Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити муасиру заруриро фароҳам овардааст, танҳо аз муҳасилин тақозо мегардад, ки барои аз худ намудани илмҳои замонавӣ сидқан талош намоянд. Ҳамчунин, масъулинро зарур меояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон саҳмгузор бошанд. Дар ин ҷода зарур аст, робитаи омӯзгор, волидайн ва хонанда дар муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда, шаванд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

"МАКТАБ БА МАКТАБ " - МУЛОҚОТИ СУДМАНД

    Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода, мушовирони шуъбаи маориф Махфират Обидова ва Назокат Каҳҳорова дар муассисаи таълимии №31-и Ҷамоати деҳоти Ёва бо иштироки падару модарон ва омӯзгорон мулоқоти судманд бо усули "Мактаб ба мактаб " баргузор гардид.

Маърӯзачиён оид ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, иштирок дар озмунҳои мухталиф, зиракиву ҳушёрии сиёсии ҷавонон, истифодаи дурусти технологияи муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳифзи ватан ва фарҳанги либоспӯшӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Ҳадаф аз баргузории ин воҳӯрӣ тарбияи шоистаи насли ҷавони созандаву бунёдкор мебошад.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ҚОНУНИ МИЛЛӢ ВА ҲАДАФИ ОН

Танзим

     

    Мақсад ва ҳадафи асосии қабул шудани қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо мебошад. Ҳамчунин сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат беҳтар гардида, дар ниҳоят буҷаи хонавода ғанӣ шуда, имконияти молӣ ва моддии шаҳрвандони кишвар боло гардад.

Моҳияти ин масъалаи мазкурро Худованд дар сураи "Бақара" ояти 268-ум чунин мефармояд:

الشَّيْطَانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُم بِالْفَحْشَاءِ ۖ وَاللَّهُ يَعِدُكُم مَّغْفِرَةً مِّنْهُ وَفَضْلًا ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ (268) 
"Шайтон мехоҳад, ки Шумо эй бандагони Худо фақру тангдаст бошед ва мубталои амалҳои фаҳшу нораво гардед ва Худованд мехоҳад, ки Шумо омурзида шавед ва молу сарвататон зиёда гардад, ва Худованд бисёр доно аст"

Аз ин ояи қуръони карим фаҳмида мешавад, ки шайтон тавассути гумроҳ кардан ва васвасаҳои гуногуни худ аз қабили инсонро сӯи риёкорӣ ва худнамоӣ тела намудан, роҳ мекушояд, бинобар ин, баъзан одамон даст ба сарфу хароҷоти беҳад калон мезананд ва дар натиҷа сабаби касодии иқтисодии онҳо мешавад. Аммо Худованд пеши роҳи ин амалҳои бад ва исрофкориҳоро мегирад, то ки мардум иқтисоди худро пеш бурда, ғанӣ гардонида тавонанд.

Пас ҳар як шахси соҳибхирад дарк мекунад, ки ҳадафи асосии қонуни миллӣ дар ниҳоят ҳаммарому ҳаммақсади шариат ва дини мубини ислом мебошад.

Агар ҳар як инсони соҳибхирад бо нигоҳи басират ба мӯҳтавои қонуни миллӣ назар андозад, барояш бисёр фоидаҳо ва ҳатто фоидаҳои ҷисмонӣ аён гашта, аз бемориҳо наҷот меёбад. Масалан барои гузаронидани маъракаҳо як намуди таъомро дар қонуни мазкур тавсия дода шудааст ва гузоштани ду ё се намуди таъом қонуншиканӣ ҳисоб мешавад.

Дар ин ҷода ба сарчашмаҳои таърихӣ ва тарзи истифодаи таъомхӯрии даврони Пайғамбари Худо ва саҳобагони он Ҳазратро мушоҳида кунем, эътиқоди мо нисбати қонуни миллӣ зиёд гашта, барои иҷроиши он бештар камари ҳиммат мебандем.

Нақл мекунанд, ки рӯзе ғуломи Ҳазрати Умар хабар мебиёрад, ки  Язид ибни Абусуфён, ки ӯ яке аз сарлашкарони номӣ ва аз ашрофзодагони бузурги Қурайш маҳсуб мешуд, дар як нишаст ду-се намуди таъомро истеъмол мекунад.

Ҳазрати Умар, ки халифаи дуюми ислом буданд, ба ғуломи худ амр мекунанд, ки ҳангоми хӯрокхурии Язид ибни Абӯсуфён маро огоҳ намоед. Вақти хӯрдани хӯроки шом ғулом хоҷаи худ, Ҳазрати Умарро огоҳ мекунад.

Ҳазрати Умар роҳ сӯи хонаи Язид мекунанд ва дарвозаи ӯро мекӯбанд, ки меҳмон намехоҳӣ, ман меҳмонӣ омадам. Язид меҳмонро ба хона ворид мекунад ва хӯроки якумро амр мекунад, ки биёранд. Ҳазрати Умар хӯроки якумро мехӯранд, Язид ба хизматгори худ амр мекунад, ки хӯроки дуюмро биёранд, Ҳазрати Умар мегӯянд оё боз намуди дигари хӯрок ҳаст? Язид мегӯяд, бале ду намуди дигар ҳаст.
Ҳазрати Умар мегӯянд:

  • Эй Язид ману Ту ҳамасри Пайғамбари Худо ҳастем, Расули Худоро бо чашми сар дидем ва насиҳатҳои эшонро бо гӯшҳои худ шунидем.
    Ҳазрати Пайғамбар (с) гуфтаанд, ки ҳар вақто, ки гурусна шудед, як таъом хӯред ва шиками худро сер нокарда бас кунед ва он вақте, ки бори дуюм гурусна шудед, сипас хӯрок хуред.

Мо, саҳоба ҳисоб мешавем, аммо бо суханҳои Расули Худо амал накунем, минбаъд он наслҳое, ки меоянд аз куҷо амал мекунанд.
Бори дигар набинам, ки дар як нишаст ду таъом хӯрда бошед, баред ин таъомҳоро ба фуқаро тақсим кунед. Ин мисолҳо маънои онро надорад, ки маъракаҳо бил-кул аз байн бурда шавад, албатта ташкили маъракаҳо фоидаҳои иҷтимоӣ дорад ва омили бавуҷуд омадани меҳру оқибат ва боиси аҳлигии маҳал мешавад.

Ҳадафи баргузории маъракаҳо аз як тараф сабаби мустаҳкам гаштани силаи раҳм ва устувории риштаи дӯстӣ бошад, сабаби дигари маъракаороиҳо ҳал кардани мушкилоти аҳли маҳал ва масъалаҳои мубрами рӯз дар байни хешу ақрабо мегардад. Мақсади қонуни миллӣ танзими дастархонороӣ ва пеши роҳи хароҷоти миёншикан мебошад, ҳатто вақтҳои охир мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар болои мизи хӯрокхурӣ ҷои сӯзангузорӣ намеёбед, бисёрии чизҳои болои дастархон гузошта шударо аз аввали маърака то охираш ҳатто ҳеҷ кас даст намерасонад, вақто ки ҳеҷ кас даст нарасонад, пас ба чӣ хотир онро пул сарф карда, харида оварда, рӯи миз мегузоранд? Баъзан шириниҳо дар ҳавои гарму фасли тобистон об мегардад, исроф болои исроф аст. Аз ин лиҳоз муроҷиати камина барои фаъолон ва мутасаддиёни соҳаи танзим ва умуман барои ҳамаи сокинон ин аст, ки моҳияти қонуни миллиро барои мардум фаҳмонем, ки талаботи дини мубини ислом низ аз мо ҳаминро тақозо мекунад.

Абдуҷамол Ҳомидов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Б.Ғафуров

 

ҶОНАМ, ФИДОИ ИН ВАТАН!

     Ватан - маконест, ки мо қадамҳои нахустини худро гузоштаем ва аз оби ширину поки он нӯшидаем, аз ҳавои  софу беғубораш нафас мекашем.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.