Иҷтимоиёт

КОРВОНИ ВАҲДАТ ДАР ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ

Чорабинӣ

    Дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Корвони Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат таҳти унвони «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун» ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки фаъолони Шӯрои Ҳаракат дар вилоят ва ноҳия Замира Мансурӣ, Қурбонҷон Мирзоева, Адибаи Хуҷандӣ, Амир Анварзода, Парвиз Халифаёр ва Сайёра Акбархоҷаева ташкилу баргузор карда шуд.

ПЕШГИРӢ, ЭЪТИНО ВА РАФЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Омӯзиш

      Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 январи соли 2024 тасдиқ шудааст, чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи мукаммали мудофиаи гаржданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои ноҳия ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда» баргузор гардид.

Чорабинии омӯзишӣ якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи машқ дар шаҳраки Сайҳуни ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов тоза кардани селроҳа ва барқарор намудани садди роҳи муҳофизатӣ дар ҳаҷми зиёда аз 4000м3 гузаронида шуд. Инчунин амали қувва ва воситаҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ дар самти ҳифзи аҳолӣ аз ҳолати фавқулодда дар маҳаллаи “Ваҳдат”- и ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо иштироки сершумори сокинони маҳал доир карда шуд

 Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

ҶАЛБИ ДУХТАРОН БА ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ ВА КАСБОМӮЗӢ

    Масъалаҳои риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", тарғибу ташвиқи эҳёи либосҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва касбомӯзӣ, оид ба одобу ахлоқи ҳамидаи духтарон, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, маърифати дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар мулоқот баррасӣ гардиданд.

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ "ЗАРХОКИ ПОИН"

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони маҳаллаи "Зархоки поин"-и ҷамоати деҳоти Исфисор баргузор гардид.

Акбар Юсуфӣ - муовини раиси ноҳия, Қосимҷон Холов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Фирӯз Искандаров сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Баҳриддин Баҳодурзода - мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, Болтубой Юлдошев - намояндаи кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Гулмира Бобоева - раиси ҷамаоти деҳоти Исфисор оид ба масъалаҳои ифротгароӣ ва паёмадҳои нохуши он, экстремизму терроризм, гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили пешрафти ҷомеа, риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” роҳ надодан ба фарҳанги либоспӯшии бегона, баланд бардоштани худшиносӣ, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти ватандорӣ, варзиш омили муттаҳидӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, созмони ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.