КОРРУПСИЯ ЭЪТИМОДИ МАРДУМРО БА ДАВЛАТ ВА МАҚОМОТИ ОН КОҲИШ МЕДИҲАД

Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Коррупсия аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ паҳн гардида, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомоти он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад. Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

     Муқовимат бо коррупсия – фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.

Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд, муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»  аз 25 июли соли 2005, №100  қабул гардидааст ва баъдан дар таҳрири нав аз 30 июли соли 2007, №296 нашр шудааст. Бори аввал дар кишвари мо номгӯи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар «Дастурамали омории ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва феҳрасти ин ҷиноятҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, №414 тасдиқ  шудааст, зикр гардидааст. Баъдан тағйиру иловаҳо ба ин қарор ворид шудааст, яъне, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид кардани тағироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 №414» аз 30 ноябри соли 2007, №600.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин мегардад. Аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди алоҳидаи давлатӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ - Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Аммо, бо вуҷуди пурзӯр будани ин ниҳоди давлатӣ, то ҳол ҳолатҳои ба коррупсионӣ даст задан дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ба мушоҳида мерасад. То ҳол дар соҳаҳои гуногун ин ҳолат то андозае нигаронкунанда боқӣ мемонад. Агар мо як шоҳиди ришваситонӣ, фасодкории ягон нафар гардида, ба он бетарафӣ зоҳир намоем, албатта ин амали номатлуб реша мегирад. Аз ин рӯ, барои решакан намудани ин падидаи номатлуб муборизаи дастаҷамъона мебояд.

 

Таҳияи Ҷамшед Ҳакимӣ, ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.