Мардуми шарафманди ноҳияи Иди байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд

Тантанаҳои ҷашни наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хубу хотирмон ҷараён дорад. Саҳни даромадгоҳи толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идгоҳро мемонд. Хаймаҳои наврӯзӣ, намоиши бозиҳои миллӣ, ҳунарҳои марумӣ, хониши сурудҳои бойчечаку суманак, фолклори маҳаллӣ, рақсҳои ҷолиби кӯдакона, ки анъанаву сунатҳои наврӯзиро бозгӯ мекард, ҷашни Наврӯзи Аҷамро бошукуҳ мекард.

Меҳмонони чорабинӣ - муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва чанде дигаронро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бо нону намак пазироӣ намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, афзуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шуда,таҳти сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз бо рангу ҷилои нав мақоми байналмилалӣ гирифт. Ҳоло ин ҷашни бостониву зеборо мардумони бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдати инсон ва кайҳон, инчунин пайки таҳаммулгароиву дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё таҷлил менамоянд.

Чи хеле ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониашон қайд кардаанд: «Наврӯз бо обу хок ва марзу буми аҷдоди мо, бо рӯҳи зиндагисоз, фаъолияти созанда ва эҳсоси ватандориву хештаншиносии мардуми мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳамин аст, ки ин ҷашни фархундаро аҷдоди шарафмандамон дар давоми таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва онро насл ба насл ҳифз карда, ҳамчун суннати муқаддаси аҷдодӣ барои мо ба ёдгор гузоштаанд.

Ҷашни Наврӯз барои халқи мо чун ҳалқаи пайвандсози таърихӣ хизмат карда, дар тӯли умри чандинҳазорсолаи миллатамон тану ҷони онро қуввату қудрати тоза бахшидааст.»

Дар идома Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди Наврӯз ба самъи ҳозирин расонида, таъкид сохт, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз дубора бо шукуҳи хоса эҳё карда шуд ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаҳои мусоид муҳайё гардид. Наврӯзи имсолаи мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил гардида истодааст. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, дар якҷоягӣ корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ низ сокинони ноҳияро бо ин ҷашни бошукуҳ муқаддаси миллӣ муборакбод намуд.

Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини калони омоданамудаи наврӯзӣ чорабиниро шукӯҳ бахшиданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.