Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 марти соли 2021 №83
ш. Душанбе

Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории
сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.
2. Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад;
— бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19-ро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда, иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро таъмин намояд.
4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, дигар ташкилотҳо тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои муташаккилона ва бомуваффақият гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 байни кормандони соҳаҳои худ, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, чораҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту намоиши барномаҳоро бахшида ба иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чорабинии мазкур таъмин намояд.
6. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғиботи муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ иштирок намояд.
7. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
— ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намоянд;
— аз ҳисоби ташкилотҳои зертобеъ воситаҳои нақлиётии иловагиро ҷудо карда, онҳоро бо сӯзишворию равганҳои молиданӣ таъмин намоянд;
— оид ба иҷрои қарори мазкур дар рафти марҳилаҳои баргузории чорабинӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
8. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.