БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶОМЕА

    Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Филиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо ҷалби сокинон ва кормандони ҷамоати деҳоти Зарзамин мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот номояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Зарзамин директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии #7 Қосимова Лобар иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар мулоқот вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими ҷашну маросим, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ғайраҳо ибрози назар карда шуд.
Зикр гардид, ки воқеан, терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.
Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорону даъватшудагон суҳбати озод дар мавзӯъҳои марбут сурат гирифт.
 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.