НАТИҶАГИРӢ: ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ СОҲАИ ҲАМОҲАНГ

       Дар толори қасри фарҳаги ноҳия ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии ноҳия дар соли 2024 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Камолиддин Хушватов, муовини сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Баҳриддин Баҳодурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия, директорони муассисаҳои варзишӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия вобаста ба самтҳои соҳа ибрози андеша намуданд. Сипас, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Холматов ба таври маҷозӣ иштирок намуда, барои тақвияти самти муҳими иҷтимоӣ тавсияҳои судманд баён дошт. Дар идома дастуру супоришҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Кумита, баён нардида буданд, ба саҳми масъулин расонид шуд.  Дар интиҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудию нуқсонҳо ва ҳалли мушкилоти марбута масъулин вазифадор шуда, тарҳи вазифаҳои навбатӣ дар соли 2025 муқаррар карда шуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.