Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Маориф

УМРИ ДУБОРАИ КАНАЛҲО ё ба асли худ баргардонидани се иншооти муҳими обёрӣ

E-mail Чоп PDF

Солҳои шўравӣ ва ибтидои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон каналҳои Унҷӣ 1 ва 2, инчунин қисмати охирини Канали калони Фарғона, ки таҳти шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров гузашта, ба самти деҳаи Ғозиён мерафт, доимо пуроб ва ба туфайли онҳо чӣ қадар пахтазору дигар заминҳои обчакорӣ, боғу токзорҳо ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони чандин деҳаҳои ҷамоати деҳоти Унҷӣ,Ҳайдар Усмонов ва Ғозиён сарсабзу хуррам буданду деҳқонони ин минтақа ҳар сол бо рўёнидани ҳосили фаровони зироатҳои хоҷагии қишлоқ, меваҳои шаҳдбор на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар тамоми Иттифоқи Шўравию ҳатто берун аз он маълуму машҳур гардида буданд.


Муфассал...
 

ВАЗЪИ СОҲАИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

E-mail Чоп PDF

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ин вусъат бахшидани рушди босуботи соҳаи маориф ва фарҳанг буда, дар ин ҷода оид ба иҷроиши Барномаҳои давлатии соҳа, доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мақому манзалати омӯзгорону аҳли зиё ҳамчун тарбиятгарони насли навраси ватандӯсту ободкор корҳои зиёде иҷро гардиданд.

Иштироки хонандагони синфи 10-11-и макотиби ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ назаррас буда, 57 нафар шогирдони макотибҳои ноҳия дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбати соли 2014 7 нафар зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон 19 нафар хонандагон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Аз њисоби хонандагони болаёќати синфњои 7-11 дастаи олимпии ноњия ташкил карда шуда, дар асоси наќшаи кории махсус  фаъолияти мунтазами он ба роњ монда шудааст.

Дар ноҳия айни ҳол 29 адад кӯдакистонҳо фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 4327 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур мавриди зикр аст, ки се сол инҷониб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ дар назди 50 адад мактабҳои ноҳия Маркази инкишофи бармаҳали кӯдакони синни то мактабӣ таъсис дода шуда, 1119 нафар кӯдакони синни то мактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин соли равон 4 адад кӯдакистонҳои хусусӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зарзамин, Хистеварз, Ёва ва дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров ба фаъолият оғоз намуда, миқдори умумии чунин кӯдакистонҳои хусусӣ ба 9 адад расонида шуд.

Дар соли 2015 дар қаламрави ноҳия дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии Фонди католитикӣ дар муассисаҳои таълимии №26 ва №54-и ноҳия нуқтаҳои санитарӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд, иборат аз 6 нуқта ба маблағи умумии зиёда аз 203,1 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Мустаҳкамгардонии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ мадди назари ҳамешагӣ қарор дода шуда, аз ҳамаи намудаи сарчашмаҳо бо 1067 адад мизу курсиҳо таъмин карда шуд. Бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва тариқи ҳашар дар муассисаи таълимии №18 бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона барои 90 нафар ва як утоқи корӣ сохта ба истифода дода шуда, айни ҳол дар муассисаи таълимии №72 сохтмони 6 синфхона ва №56 сохтмони 2 синфхона босуръат идома дорад.

Дар соли 2015 дар доираи иҷроиши талаботи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 171 адад компютер харидорӣ карда шуда, дар маҷмӯъ нақшаи барнома, ки соли равон ба охир расид, 36 адад зиёд ба иҷро расонида шуд. Дар маҷмӯъ шумораи умумии компютерҳо 2026 ададро ташкил намуда, аз ҳисоби нақшаи барномавӣ 5 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади бештару хубтар дар амал татбиќ намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар назди њамаи мактабњои ноњия “Университети падару модарон” ва «Мактаби модарон» ташкил карда шуда, дар асоси мавзўъњои тавсиявии шўъбаи маориф, њар моњ машѓулиятњои он мунтазам гузаронида шуда истодаанд.

Баландбардории маърифати фарҳангии шаҳрвандон ва эътибори зарурӣ додан ба таъмиру навсозиҳои муассисаҳои фарҳангӣ мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода шудааст. Дар доираи ҷонибдории иқдоми Раиси вилояти Суғд, оид ба эълон шудани соли 2015 “Соли рушди фарҳанг ва гулҳо” ҷиҳати амалигардонии нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда, аҳли фарҳанги ноҳия баҳри тарғиби анъанаҳои миллии ниёгон ва бахшида ба санаҳои таърихиву сиёсӣ чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳамкории пурсамари клубҳо, китобхонаҳо, мактаби санъат, ансамбли «Шашмақомхонон» ва санъаткорони хонаҳои маданияти шаҳраку деҳаҳои ҷамоатҳои қаламрави ноҳия чорабиниҳои рангину хотирмон ташкил ва баргузор карда шуданд.

Санъаткорони ноҳия дар даври ниҳоии озмуни “Ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд” бахшида ба соли рушди фарҳанг ғолиб дониста шуда, бо сипоснома ва 5,0 ҳазор сомонӣ мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон дар фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ бахшида ба Соли оила таҳти унвони “Дунёи саодат” ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия фаъолона иштирок намуда, бо Диплому Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷмӯи асбобҳои мусиқӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Бо мақсади иҷроиши Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016 ба китобхонаҳои ҷамоатҳои Д.Холматов ва Ҳ.Усмонов ба маблағи 13,9 ҳазор сомонӣ мизу курсиҳо харидорӣ карда шуд. Ҳамзамон давоми соли ҷорӣ ба маблағи умумии 11,5 ҳазор сомонӣ 482 адад китоб, аз ҷумла тариқи “Корвони китоб” 133 адад ба маблағи 2,5 ҳазор сомонӣ адабиётҳои нав харидорӣ карда шуда, ба китобхона-бахшҳои ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия дастрас гардид.

Бо мақсади татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” соли 2015 бахш бо 2 адад компютери замонавӣ (ноутбук) ба маблағи умумии 6,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид. Инчунин бо мақсади татбиқи барномаи мазкур давоми соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ клуби ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ба маблағи умумии 88,0 ҳазор сомонӣ, бинои клуб ва китобхонаи ҷамоати деҳоти Чашмасор ба маблағи умумии 100,0 ҳазор сомонӣ, бинои клуб, китобхона ва филиали мактаби санъати ҷамоати деҳоти Исмоил ба маблағи 199,0 ҳазор сомонӣ, бинои бахши фарҳанги ноҳия ва китобхонаи марказӣ ба маблағи 68,0 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Бо мақсади татбиқи “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба маблағи 9,8 ҳазор сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд. Барои харидорӣ намудани асбобҳои мусиқии миллӣ барои мактаби санъати ноҳия 6,5 ҳазор сомонӣ, барои таъмири ҷорӣ 9,0 ҳазор сомонӣ ва барои харидорӣ намудани таҷҳизоти техникӣ барои маҳфили дӯзандагӣ 6,4 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуданд.

 

Маорифи ноҳия

E-mail Чоп PDF

Дар ноҳия 119 адад муассисаи соҳаи маориф фаъолият мебаранд. Аз ин миқдор 87 адад мактаби таҳсилоти миёна, 8 адад мактаби таҳсилоти асосӣ, 73 адад мактабҳои миёнаи умумӣ, 3 адад мактабҳои хусусӣ, 17 адад муассисаҳои давлатии томактабӣ, 2 адад муассисаҳои томактабии хусусӣ, 4 адад кӯдакистонҳои тобеъи ташкилотҳои дигар, 6 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ амал менамояд.  Инчунин дар ноҳия зиёдшавии фаъолияти мактабҳои типпи нав ба монанди мактаби хусусии гимназияи “Нур”, мактаби хусусии “АМИД”, гимназияҳои “Сафина” ва “Нури ирфон” ба назар расида, теъдоди хонандагони ин гуна мактабҳо зиёд шуда истодааст.  Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳия 3157 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳо ба 72 намуди маҳфилҳо ҷалб карда шуда, 118 нафар омӯзгорон ба таҳсилоти беруназмактабии хонандагон машғул мебошанд. Дар баробари он дар соҳаи маорифи ноҳия Муассисаи таълимии давлатии литсейи касбӣ-техникии №75, Маркази таълими истеҳсолӣ, чор гимназияҳои хусусӣ, 2 гимназияҳои давлатӣ ва як адад мактаб-парваришгоҳи ношунавоён фаъолият мебаранд. Ноҳия яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, миқдори умумии омӯзгорони мактабҳои ноҳия 3932 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии хонандагон бошад 59557 нафар мебошад. Дар асоси “Барномаи компутеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010” муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1581 адад компутерҳо таъмин карда шуданд, ки ин нишондод дар вилоят яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин дар ноҳия як адад омӯзишгоҳи касбӣ техникӣ фаъолият дорад.Аз моҳи октябри соли 2010 дар заминаи мактаби №5-и ҷамоати деҳоти Қистақӯз шӯъбачаи Шӯъбаи тайёрӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст.  Дар соли 2010 омўзгори фанни физикаи гимназияи «Нур» Зарифов Муҳаммадчон ва дар соли 2012 омўзгори фанни забони русии мактаби № 33 Кириенко С.П гирандагони чоизаи Президенти Чумҳурии Точикистон дар соҳаи маориф гаштанд. Инчунин дар соли 2012 - 37 нафар хонандагон дар олимпиадаҳо чойҳои аввалро соҳиб гаштанд ва дар мачмўъ дастаи олимпикии хонандагони ноҳия мувофиқи вилоят баъд аз шаҳри Хучанд чойи дуюмро ишғол намуд. 22 нафар толибилмони макотиби ноҳия дар сессияи чумҳуриявии Академияи хурди илмҳо иштирок ва ҳамаи онҳо ғолиб дониста шуданд. Айни ҳол 7 нафар толибилмони аълохони ноҳия гирандагони Идрори Президентӣ ва 30 нафар гирандагони идрори Раиси ноҳия мебошанд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ