«СУХАНИ ХАЛҚ» - ТАБЛИҒГАРИ БАРНОМАҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН

Ба ифтихори 30 - солагии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон  

   Мусаллам аст, ки матбуот аз эҳтиёҷи мардум ба вуҷуд омада, ба қонеъ гардонидани талаботи мардум нигаронида шудааст. Бинобар ин матбуот ба рушду инкишофи ҷомеа нақши муҳим дошта чун ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддун шинохта мешавад. Ва ҳамзамон чун инъикосгари ҳодисаҳои таърих сарчашмаи мўътамад дар шинохти саҳфаҳои гузаштаву рангини имрўзаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Яъне аз оғози фаъолият то инҷониб рисолати матбуоти даврӣ мутобиқ ба таҳаввулоти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин маврид Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ яке аз симоҳои шинохта ва машҳуртарини халқи тоҷик зиёда аз 100 сол муқаддам гуфта буд: «Рўзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рўзнома надорад, гўё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рўзнома мисли одами бе забон» (1) ё «Матбуот чашму гўши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад»(6) гуфтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 100 - солагии рўзномаи “Бухорои шариф,, баёнгари он аст, ки воқеан матбуот ба дарди ҷомеа даво ва афкори мардумро аз самте ба самте равона карда метавонад.

   Ҳарчанд, ки пайдоиши матбуот дар ҷаҳон таърихи зиёда аз панҷсадсола дорад, аммо дар Осиёи Миёна матбуот дер ба вуҷуд омад, махсусан ба матбуоти тоҷик рўзномаи ,,Бухорои шариф,, 112 сол пеш асос гузошт ва дар даврони шўравӣ имкон пайдо шуд, ки матбуоти тоҷик фаъолияти худро вусъат диҳад, вале таърих собитгар аст, ки матбуоти тоҷик комилан сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тадриҷан рушду такомул ёфт ва то имрўз софдилона ва содиқона хизмат намуда истодааст. Дар ин замина матбуоти ҳизбиро низ метавон дар алоҳидагӣ қайд кард.

   Барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат фаъолияти ҳизбҳо муҳим ва аз ҷониби дигар заминагузори озодии сухан бошад, барои муаррифии барномаи ҳизб васоиди ахбори омма, махсусан матбуот нақши муассир ва ҳалкунанда дошту дорад. Бидуни тарғиби босифат наметавонад самти фаъолияти солими худро миёни ҷомеа ба роҳ монад.

    Пўшида нест, ки фаъолияти ҳизбӣ дар Тоҷикистон ба даврони Истиқлолият рабт дошта, дар марҳилаҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҷомеаро бесарусомонӣ ҳукмрон ва давлату миллат дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Ҳар як ҳизб бо мақсади таъсиси ҳукумат ва соҳибшавӣ ба мансаб фаъол мешуд. Аммо, Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз гунаи ҳизбе мебошад, ки 10 декабри соли 1994 таъсис 15 декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон номнавис шуда, баъди ташкили ҳукумат дар вазъияти вазнин ва ҳассоси ҷомеа созмон ёфтааст. Миёни азҳоби амалкунанда барномаи он дархури замонро фарогир буд, ки бандҳои оинномавию барномавии ҳизб аз ҷониби мардум тез қабул ва ҷонибдоронро афзун намуд. Дар такмили муҳаққиқ, доктори илмҳои филологӣ Раъно Бобоҷониён ба чунин хулоса мерасад: «Ба гумони ман таъсиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз падидаҳои фараҳбахш ва хотирмони аввали солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Зеро ин ташкилоти пурқудрат дар он солҳо фазои холии сиёсиро пур кард. Дубора афкору андешаи сокинони мамлакатро нисбати давлат ва ҳукумат ба самти мусбат дигар намуд.» (3,с.173).

    Ҳадафи аслии барномавии он таъсиси давлати соҳибихтиёр, мутараққӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демократӣ, дунявӣ, ягона, таъмини баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ буд. Акнун гузашти фосилаҳо баёнгари он аст, ки ҲХДТ садоқати худро ба арзишҳои зикргардида нигоҳ дошт, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ кард ва чун ҳизби мардумӣ пазируфта шуд. Андешаи олим, сиёсатшинос Фаттоҳзода С.С. тақвияти андешаҳои болоист: «Мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши худ қарор дода, барои амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, бо дарназардошти манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар, ҳамаи қишрҳои гуногунранги мардум ба миён омадаанд. Онҳо нуқтаи эътидол ва муросову мадороанд, ки ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа таъмин гардонда, кишварро ба сўи пешрафт ва рифоҳу хушбахтӣ равона месозанд.»(4,с.60)

     Паҳн ва табғили ғояҳои ҳизб яке аз муҳим ва муассиртарин самтҳоест, ки ҳадафи барномавии ҳизб амалӣ гардад. Дар ин ҷода нақши матбуоти ҳизбӣ нашрияи «Минбари халқ»-ро барҷаста эҳсос кард, ки дар ғановандии маънавиёти мардум, шинохти ҳизб, муаррифии шоистаи мароми оинномавию барномавии он саҳми арзанда мегузорад. Таҳти сиёсати раъияпарваронаи Садри муаззами кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти густурдаро соҳиб аст. Ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мардумро воқеъбинона инъикос мекунад. Аз умдатарин масоили рўз маводи таҳлиливу хонданӣ манзур медорад. 

  Ҳамин тавр дар заминаи нашрияи марказии «Минбари халқ» дар шимоли Тоҷикистон низ нашрияи «Сухани халқ» ба фаъолият шурўъ намуд, ки ҳамчун муқтадиртарин воситаи таъсиррасон барои муаррифӣ ва ғояҳои ҳизб саҳми беандоза гузошта меояд. Даврае тавлид ёфт, ки барои нерўмандии кумитаҳои шаҳру навоҳӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, инчунин барои дарки розу ниёзи ҳизбиён пеш аз ҳама мардум, такмили маънавиёти сиёсӣ воситаи таъсиррасон муҳим ва дар пуррагии фазои холигӣ таъсиси минбари халқ, дар вилояти калонтарини кишвар- Суғд дар баробари нашрияҳои амалкард, аҳамияти бештарро соҳиб буд. Бо дарнардошти ин матлаб рўзнома аввали моҳи декабри соли 1993 таъсис ёфт, аммо тўли 10 сол натавонист, ҳадафаш нишонрас бошад ва ҳамагӣ 9 шумора дар ҳаҷми 4 саҳифа ба табъ расиду халос. Бо таваҷҷуҳу масъулияти раиси вақтии вилояти Суғд Қосимҷон Қосимов соли 2004 бо таъин намудани сармуҳаррири он журналисти пухтакор ва соҳибмактаб Додохони Эгамзод барои рушди рўзнома қадамҳои устувор гузошта шуд. Нависанда Додохони Эгамзод дар хотираҳояш вазъияти он давраи рўзномаро муфассал тавзеҳ дода, андешаҳои ҷолибро бобати эҳё, барқарор ва муназамии нашри рўзнома дар шумораи 500 –уми «Сухани халқ» баён месозад.(5,с.3) Муҳаққиқ Раъно Бобоҷониён низ авҷи камолоти нашрияро ба ин журналисти навовар рабт медиҳад: «Махсусан, авҷи фаъолияти нашрия ба давраи сармуҳаририи нависандаи пуркору журналисти навҷў Додохони Эгамзод рост меояд. Ў ки солҳои сол дар пойтахти кишвар чун журналисти мониқалам ном бароварда буд, дар вилояти Суғд бо таъсиси нашрияҳои офсетӣ як таҳаввулотеро дар матбуоти вилоят ба амал овард. Дар баробари нашрияи «Нилуфар»...«Сухани халқ» зуд миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард.» (3, с.174)

  Сармуҳаррирони баъдии рўзнома рўзноманигорони сермаҳсул Нарзулло Дадобоев, Абдусабури Абдуваҳҳоб, Мирзоаъзам Мақсудов, Тоҷибой Султонӣ барои хонданиву пурмўҳтаво гардидани нашрия саҳми арзанда гузоштаанд. Дар даврони сармуҳаррири ҳар яке рўзнома аз ҷиҳати сабку нигориш, мазмуну мундариҷа, дизайну ороиш, зиёдшавии муштариён аз хуб ба хубтар шитобид ва ҳар навгонӣ ба навоварии дигар замина гузошт. Ин анъана дар давраи сармуҳарририи кунунии нашрия низ ба шоистагӣ, бо тахайюли бою рангин ва қобилияти баланди касбӣ идома ёфта истодааст.

   «Сухани халқ» дар тўли фаъолияти пурбори бист солааш дар тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб нақши шоистаро касб мекунад. Масъалаҳои тарҳрезишудаи мавзўоти бандҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизбро дастабандӣ намуда, вобаста ба тадбиқ ва амалишавии он мавод омода менамояд. Инъикоси ҳодисаҳои рўз, корҳои ободониву созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, дарки ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳои умдатарини ҷомеа, муаррифии кору пайкори чеҳраҳои арбобони сиёсиву давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ходимони илму таҷрибаи пешқадами ашхосони барўманди соҳаҳои мухталиф, маърифат ва маънавиёт аз масъалаҳое ҳастанд, ки воқеъбинона ба риштаи тасвир кашида мешаванд. Тавассути муҳтавои ин нашрия мақсаду мароми Ҳукумати ҷумҳурӣ, дуруст ва моҳиятан хуб сарфаҳм рафтан ба амру фармони Раиси ҷумҳур, қарорҳои Ҳукумат ва моҳияти қонунҳои қабулкардаи порлумони кишвар ба мардум сари вақт расонида мешавад. Дар ин замина рубрикаҳои алоҳида хусусияти доимӣ пайдо кардаанд, ороиш ва ҳаҷми мавод низ нисбатан хурд ва замонавӣ гардида, доманаи мундариҷаи нашрия васеъ ва басо рангоранг шуд, ки беихтиёр талаботи ҳар хонандаро метавонад қонеъ гардонад.

    Хулоса, нашрияи «Сухани халқ» аз муваффақтарин ва сертеъдодтарин нашрияҳоест, ки миёни матбуоти вилояти Суғд соҳибэҳтиром ва соҳибэътибор аст. Дар як мақола фаро гирифтани паҳлўъҳои фаъолияти густурдаи ин нашрия аз ҷиҳати мазмун ва мўҳтаво, сабку услуб ва тарзи нигориш, мавқеи жанрҳои журналистика, пешниҳоди мавод мувофиқи меъёрҳои шинохти жанр, нақши рўзнома дар тарбияи рўзноманигорон, рушди матбуоти тоҷик ва дигар масъалаҳои умдаи илмӣ ғайри имкон аст. Бинобар ин, андешаҳои хешро ба таври иҷмолӣ натиҷагирӣ намудем:

  1. Мундариҷаи нашрия гуногуну фарох аст, ки дар умум метавон онро ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра ҷудо намуд;

2.Муносибати нашрия ба воқеиёти иҷтимоӣ холисонаву касбӣ буда, фаъолияти он баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҳукумати Тоҷикистон ва амалишавии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона шудааст;

  1. Тарғиби самтҳои асосии фаъолияти давлат, рушди илму маориф, фарҳангу ҳунар, саноат, кишоварзӣ, варзиш, ҳифзи муҳити зист, тарзи ҳаёти солим, эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ, ватанпарастиву таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, поси хотири гузаштагон ва эҳтироми имрўзиён ва амсоли ин мундариҷаи асосии нашрия маҳсуб меёбанд;
  2. Дар бештари мавод меъёрҳои жанри журналистӣ риоя мешавад, ки ин аз бархурдорӣ аз соҳа ва раванди журналистика дарак дода, ҳамчунин тахассусмандии кормандонро ифода мекунад;

5 Дар бештари маводи инъикосшаванда демократӣ будани мавзўъву масъалаҳои баррасишаванда таъмин гардидааст, ки ин ба оммавияти рўзнома замина гузоштааст;

  1. Масъалаҳо аз рўи мавзўъҳои зерин дастабандӣ шудаанд, ки ин тарзи корбарӣ аз дигар нашрияҳои даврии ҳамгуни ҳамзамонон имтиёз дорад: (2,243саҳ.)
  2. Паём – ҳидоятгари мо
  3. Иҷлосияи сарнавиштсози миллат
  4. Ваҳдату амният ва осоиш
  5. Хатарҳои муосир ва ҳифзи амният
  6. Танзими тўю маросим – тақозои замон
  7. Ҷавонон – нерўи созанда
  8. Ахлоқ, маданият ва зуҳуроти замон
  9. Зан ва мушкилоти оила
  10. Мушкилот
  11. Фарҳанг ва анъанаҳои мардумӣ
  12. Нашрия ба ҳафтанома табдил шудааст, ки ҳафтае як маротиба бо ҳаҷми 8 саҳифа ва теъдоди зиёда аз 13000 нусха чоп мешавад;

   8.Рубрикаҳои доимии “Созандагони Ватан”, “Сухани сабз”, “Зиндагии инсонҳои наҷиб” “Ҳафтранг”аз серхонандатарин бахшҳои рўзнома маҳсуб меёбад, ки муваффақ шудан ба ин зина худ комёбист;

  1. Бо ҷомеа робитаи мустақим доштани рўзнома. Ин имконест, ки хонандагон андешаҳояшонро перомуни масъалаҳои мубрами рўз ва сифати рўзнома нависанд;
  2. Муаррифии маводи рўзнома тариқи радио, телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ташкили озмунҳои гуногун;

11 Масъала гузоштани рўзнома перомуни ягон мавзўи рўз ва ҳалли он бо иштироки фаъоли хонандагон;

12.Ҷалби се насли рўзноманигорон ба ҳайати эҷодии рўзнома, ки ба тақвият ва такомули нашрия мусоидат кардааст.

Пайнавишт:

1.Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ.14.Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. /Айнӣ С.-Душанбе: Матбуот, 2005.

  1. Армуғони «Сухани халқ» - Хуҷанд: Ношир,2018.-614с.

3.Бобоҷониён Р. Армуғони ганҷи сухан./ Бобоҷониён Р.- Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.-575с.

4.Саидмурод Самад Фаттоҳзода, Бахтиёр Ҳамдамов, Саидумрон Саидов. Давлат, сиёсат, ҷомеа./ Саидмурод Самад Фаттоҳзода, Бахтиёр Ҳамдамов, Саидумрон Саидов.-Хуҷанд: Ношир,2018.-614с.

5.Додохон Эгамзод. Супориши ҳизбӣ// Додохон Эгамзод. «Сухани халқ» №32(500)30-уми августи соли 2018

6.Сомонаи интернетӣ.

Ўғулой Қосидова, н.и.ф, рўзноманигор

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.