Иҷтимоиёт

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА" ВА "ДЕҲА БА ДЕҲА"

   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” ва "Деҳа ба деҳа" самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ миёни аҳолии деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ суҳбату мулоқот гузаронида шуд.

Ҳамзамон, аъзоёни гуруҳи корӣ аз рафти кишту кори заминҳои наздиҳавлигӣ, фарҳанги либоспушии занону бонувони маҳал, тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва захираҳои зимистонаи сокинони деҳаҳо аз наздик дидан намуданд.

 

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЯК РУКНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат мебошад. Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии занону духтарон маҳсуб меёбад. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд.

Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азиз дар байни минтақаҳо либосҳои хоси миллӣ ба амсоли атласу адрас, чакану алоча ва гулдузиҳои нотакроре, ки чашмрабо аст хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст, ки мо занону бонувон аз он ҳамеша ифтихор дорем.

МУЛОҚОТ БО СОКИНОН

Бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Хона ба хона" байни сокинони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Унҷӣ ва Хистеварз вобаста ба захираҳои хӯрокворӣ барои зимистонгузаронӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, ободу тоза намудани маҳалли зист, ҳунарманд намудани ҷавондухтарон, пешгирии бегонапарастӣ ва фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

МАСЪАЛАҲОИ НИГАРОНКУНАНДА БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуфӣ А.М. бо сокионон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов мулоқот доир намуд.

Таъкид гардид, ки дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза дар гӯшае аз он амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ рух медиҳад, ҳифз намудани давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳои геополитикӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти басо мушкилу мураккаб аст. Ҳамин аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд.

Дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ, савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.

Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.

Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гуна андешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.