ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ
Зимни баргузори намози рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеи «Хоҷабоқирғон» дар деҳоти Овчиқалъача муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуфӣ Акбар ва раиси Ҷамоат Ҳайдаров Алишер иштирок намуда, бо мардуми ҷамъомада доир ба татбиқи амалии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, қарзи шаҳрвандии ҷавонписарон дар адои хизмати ҳарбии ҳатмӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ корҳои тарғиботӣ баргузор намуданд.
Муҳимтарин сиёсати мамлакатро таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо шуғлнокӣ таъмин намудани сокинони деҳотро муовини Раиси ноҳия Юсуфӣ Акбар дар баргузории ҳарчӣ зудтар ва саривақтии кишти аввалибаҳорӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки тибқи протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар 65 фисади заминҳои кишоварзӣ кишти пахта гузаронида шавад. Зеро пахта бойигарии асосии мамлакат буда, ашёи хоми стратегӣ ва манбаи бо ҷойи корӣ таъмин шудани мардуми деҳот, фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин назардошт аз ҳамаи деҳқонон ва саҳмдорони хоҷагиҳои кишоварзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи кишти чигити хушсифати тиллои сафед эътибори зарурӣ дода, ҷиҳати васеъ намудани майдонҳои кишти пахта тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Хабарнигори "Парвозгоҳи бузургон"


Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ин навбат мулоқоту корҳои ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони маҳаллаҳои «Марказ», «Роҳиоҳанчиён» ва «Ваҳдат»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров ташкилу баргузор карда шуд.
Бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз, бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – модарро гиромӣ ва азиз медорад.


"Кадбонуи беҳтарин" дар муассисаи таълимии коллеҷи тиббии ноҳия баргузор гардид. Озмуни ноҳиявӣ бо мақсади иҷрои банди 10- и "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои соли 2025", ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, амалишавии Нақшаи амал барои солҳои 2025-2026-и "Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, #136 тасдиқ шудааст, доир гардид.





