АВВАЛУ АНҶОМИ ДУНЁ БО НОМИ МОДАР АСТ
Бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз, бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – модарро гиромӣ ва азиз медорад.
Дар ин замина, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷиҳати арҷгузорӣ ва гиромидошти Зан-Модар чорабинии идона таҳти унвони “Аввалу анҷоми дунё бо номи Модар аст” баргузор намуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ДилоромТурсунзода, Сайёра Акпархоҷаева, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадорони ҳизбу меҳнат, занону модарони фаъол, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.
Нахуст, чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сайёра Акпархоҷаева ифтитоҳ намуда, кулли занону модарон ва хоҳарону бонувонро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун иқтидори пешбари ҷомеа, бахусус барои занону духтарон шоҳроҳи нав кушод. Ин нерӯи сиёсӣ аз нахустин солҳои фаъолият масъалаи баланд бардоштани мавқеи занонро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, бонувони зиёдро дар зери як шиор ва як ҳадаф ба ҳам овард.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ДилоромТурсунзода, паёми шодбошии раиси ноҳия Салимзода Нусратулло Файзуллоро ба кулли иштирокдорон расонид. Дар навбати худ қайд намуд, ки дар воқеъ, Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст. Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамо месозад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Дар интиҳои чорабинӣ барои болидаруҳии модарону бонувон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд. Чорабинӣ дар фазои идона ба интиҳо расид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров