Паёми муборакбодии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола бо камоли ифтихормандӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлатамон, мо – мардуми хушиқболи кишвар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро самимона муборакбод менамоям.
Конститутсияи мо пеш аз ҳама ҳуҷҷати олии ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҷамъиятиро муайян намуда, ҳамчун шиноснома қутбнамои ҷомеаи шаҳрвандии мо гардидааст. Хушбахтона, бо ҳидоятҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз ҳамин Конститутсия таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки он барои рушди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона заминаи боэътимод гузошт. То имрӯз мутобиқ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003, ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид. Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.»
Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ таъкид сохт, ки ҳақиқатан Конститутсияи давлати мо, ки дар ҷаҳон яке аз беҳтарин эътироф шудааст, ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир буда, барои рушд ва таҳкими давлатдорӣ, зиндагии ободу осуда нақши барҷаста дорад. Ба туфайли ин санади тақдирсоз ба мо имконият фароҳам омад, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон гардида, бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар кӯшиш намоем ва дар баробари ин дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра, ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ саҳмгузор бошем.
Бо боварӣ ва итминони комил метавон зикр сохт, ки дар радифи сокинони мамлакат, мардуми меҳнатқарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд ва сиёсати созандаи Пешвои сулҳпарвару сулҳофар, созандаву бунёдкорро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар рушду нумӯи кишвар, таҳкими сулҳу субот ва бо дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашнҳои бузурги таърихӣ - Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон саъю талош менамоянд.
Бори дигар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми ноҳия муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо бахту иқболи нек, шодиву нишоти доимӣ ва ба кишвари азизамон пояндагии сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии рӯзафзунро таманно дорам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!