Боздиди Раиси вилоят аз Боғи миллии "Ваҳдат"

Ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёд ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад.  

Масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидории вилоят 76 ҳазору 860 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 57 ҳазору 240 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. 

Боғи миллии "Ваҳдат", ки аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, соли 2008-ум таъсис ёфта, масоҳати умумии он 631 гектарро ташкил медиҳад. 

Хоҷагидорони муассисаи мазкур, ки дар таъмини фаровонии бозори дохилӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррасу шоиста доранд, асосан дар ин ҷо боғи зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, нок, бодом, чормағз, биҳӣ, ангур ва анор бунёд намуда, ҳамасола бо истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил мегарданд. 

Дар оғози моҳи май кишоварзони Боғи миллии "Ваҳдат” ба ҷамъоварии гелос шурӯъ карданд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи корҳо шинос шуд. 

Таъкид гардид, ки майдони боғи гелос дар Муассисаи давлатии Боғи миллии "Ваҳдат” 5,73 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин нишондиҳанда 4,43 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Кӯшишу талоши хоҷагидорон ба он равона шудааст, ки ҳосил саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. 

Таваҷҷуҳи хоҷагидорони муассиса барои бунёди боғҳои интенсивӣ зиёд аст. Дар ин ҷо аз масоҳати умумии боғҳои бунёдшуда зиёда аз 20 гектарро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. 

Бунёди боғҳои интенсивӣ барои хоҷагидорони муассиса имкон додааст, ки сол то сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизи ватаниро бештар намоянд. 

Дар маҷмуъ дар Боғи миллии "Ваҳдат” зиёда аз 20 гектар боғи интенсивии зардолу, себ, гелос, шафтолу, нок ва чормағз мавҷуд мебошад. 

Соли 2022 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди муассиса дар майдони 5 гектар боғи интенсивии зардолу бунёд карда шуд. 

Ниҳоли дарахтони зардолу, ки аз давлати Туркия оварда шинонида шуд, дар соли сеюм ғарқи ҳосил аст. Ҳосили боғи интенсивӣ пурра содиротӣ буда, ба таъкиди хоҷагидорон баъди 5 сол аз як гектар имкони ҷамъоварии бештар аз 40 тонна зардолу мавҷуд мебошад.          

Бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилӣ замини байни қатори боғот низ самараноку оқилона истифода бурда мешавад. 

Хоҷагидорон дар байни қатори боғи интенсивии зардолу пиёз ва картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд, ки аз ин ҳисоб низ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. 

Дар охири моҳи май ҷамъоварии пиёз ва картошкаи барвақтӣ оғоз мегардад. Аз ҳар гектар замини байни қатори боғоти ҷавон имкон аст, то 50 тонна пиёз ва 30 тонна картошкаи барвақтӣ ҷамъоварӣ карда шавад. 

Масоҳати умумии замини байни қатори боғоти ҷавон, ки дар он кишту парвариши памидор, пиёз, сабзӣ, картошкаи барвақтӣ ва дигар намуди зироати кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад, зиёда аз 100 гектарро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.