БЕҲТАРИН ШАҲРАКУ ДЕҲОТ, ДЕҲА, МАҲАЛЛИ АҲОЛИНИШИН ВА ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ

     Озмуни ноҳиявии “Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” ба ифтихори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва беҳтаринҳо муқаррар гардида, дар тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ғолибон аз ҷониби Нусратулло Салимзода, раиси  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ карда шуданд.

Аз рӯи номгӯи озмуни “Шаҳраки беҳтарин” бо дипломи дараҷаи I Ҷамоати шаҳраки Ғафуров сарфароз гардонида шуд. Аз рӯи озмуни “Деҳоти беҳтарин” бо дипломи дараҷаи I Ҷамоати деҳоти Исфисор, бо дипломи дараҷаи II Ҷамоати деҳоти Хистеварз, бо дипломи дараҷаи III Ҷамоати деҳоти Зарзамин қадрдонӣ карда шуданд.

Дар озмуни “Деҳаи беҳтарин” бо дипломи дараҷаи I деҳаи “Мусаффо”-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бо дипломи дараҷаи II деҳаи “Темурмалик” – и Ҷамоати деҳоти Хистеварз, бо дипломи дараҷаи III деҳаи “Қаҳрамонон” - и Ҷамоати деҳоти Ғозиён мушарраф гардонида шуданд.

Инчунин маҳаллаи “Бобошо” - и Ҷамоати деҳоди Дадобой Холматов ҷойи аввал, маҳаллаи “Тошхоҷа Асирӣ”- и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ,  ҷойи дуюм, маҳаллаи “Маданият” - и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ҷойи сеюмро дар озмуни ноҳиявии “Маҳаллаи беҳтарин” соҳиб гардиданд.

Ҳамзамон дар озмуни ноҳиявии “Хонаи истиқоматии бетарин” хонаи истиқоматии Миршариф Миршарифов, аз Ҷамоати деҳоти Исмоил, Муҳаббат Худойбердиева, аз Ҷамоати деҳоти Зарзамин ва хонаи истиқоматии Юнусбой Мақсудов аз Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача беҳтарин ҳисобида шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.