САРФАРОЗӢ

   

   МАНСУРЗОДА ҲАСАН МАНСУР- (Ачилов Ҳасан) Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.

Аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омӯзгори муваффақ - Мансурзода Ҳасан Мансурро бо чунин сарфарозӣ барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муборакбод намуда, дар фаъолияти корӣ комгориҳои рӯзафзунро таманно менамояд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.