САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД ТАШРИФ ОВАРДА, БО ВАЗЪИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ, ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ, ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМ ШИНОС ВА ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

   

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, иншооти зиёди таъйиноти гуногун бунёд ёфтааст ва ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи сокинон шукӯҳи бештар мебахшад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Ҳамчунин иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми бинои истиқоматӣ бо як адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ва ин раванд идома дода мешавад.

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат танҳо аз Вазорати мудофиа наздики ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили зист таъмин шудаанд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар ҳамин мавзеъ бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як бинои дуошёнаи истиқоматӣ, ки аз 32 хона иборат аст, сохта ба истифода дода шуда буд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.