Ба кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд
Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.
Зимни суҳбат бо кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия роҳбари вилоят аз саҳми онҳо дар ободонии кучаву хиёбонҳо ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки сарсабзиву хуррамии минтақаҳои аҳолинишин самараи меҳнати онҳо буда, саҳми ҳар як корманд дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист назаррасу шоиста аст.
Раиси вилоят ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои неку созанда муваффақиятҳои пайваста таманно намуд.
Сипас, ба 100 нафар коргарон маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд