Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 гектар дарахти тут шинонида мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, аз тарафи ҶСК “Пиллаи тоҷик” аз хориҷи мамлакат ниҳолҳои босифати тут ворид карда шуда, дар масоҳати 5 гектар 25 ҳазор бех тут шинонида мешавад.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла бунёди тутзор дар шаҳру ноҳияҳо идома дошта, ба иттиллои масъулин дар оянда низ ниҳолҳои босифат ворид карда хоҳад шуд.
Бояд қайд кард, ки дарахтони тут дар мавсими парвариши пилла зарур буда, шохаҳои он чун ғизои кирми пилла истифода мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд