ТАБРИКИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БАХШИДА БА ИДИ САДА
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шумоёнро бо ҷашни фархундаву бостонии Иди Сада самимона муборакбод менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эҳё гардонидани анъана ва расму оини ниёгонамон, бозгашт ба гузаштаву сарчашмаи асолати миллии онҳо иқдомҳои бузургеро роҳандозӣ карда истодаанд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди миллат аст.
Иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаю мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, халқи тоҷик аз қадимулайём онро бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад. Фарорасии ин ҷашн аз рӯйи солшумории ҳиҷрӣ ба даҳум рӯзи Баҳманмоҳ ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба рӯзи 30-юми январ рост меояд. Сада пас аз ба охир расидани 40 рӯзи шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад, ки гувоҳидиҳандаи пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Чуноне, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карда шуд, “Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.” Дар ин қатор санаи 6 декабри соли 2023 ҷашни қадимаи мардуми тоҷик – Иди Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин иқдоми навбатии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадимаву бостонӣ будани сарзамину халқияти мардуми ориёнажод аз ҷумла тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ба таври равшан муаррифӣ намуд. Ҷоизи қайд аст, ки то ин дам ҷашну анъанаҳои хоси тоҷикон ба монанди “Наврӯз”, суруди “Шашмақом”, анъанаҳои бофтани атласу адрас, либоси чакан ва боз чандин дигар мероси фарҳангии хоси мардуми тоҷик бо пешниҳоди Садри муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи моддиву ғайримодии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Таҷлили ҷашни Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Дар замони муосир баргузории ин чорабинии идона ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда, барои таъмини маводи ғизоӣ ва фаровонии дастурхони сокинони кишвари мо имкониятҳои фарохро фароҳам меорад.
Бо дарназардошти ин омилҳои муҳим нақшу вазифаи кормандони соҳаи кишоварзӣ беш аз пеш меафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳиму таркибии таъминкунандаи сиёсати аграрии мамлакат буда, бояд нерўи зеҳнии худро ҳарчӣ бештар ба ин самт равона намоянд. Иди Сада таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд.
Анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд, ки ҷашни Сада то имрўз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад.
Дар баробари кишоварзон ва мутахассисону кормандони соҳа тамоми мардуми ноҳияро бори дигар ба муносибати иди аҷдодии Сада табрику таҳният намуда, итминон дорам, ки мардуми ноҳия барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, дастархони пурнозу неъмат ва шукуфоиву ободии Ватани азизамон нерўи созандаи худро сафарбар менамоянд.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода