ИШТИРОК БО МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ СИЁСӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

   

    Дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2-юми марти соли равон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар қатори дигар мардуми шарифи кишвар бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, ба ҳизби сиёсӣ ва вакилони арзандаи худ овоз доданд.

Дар қатори дигар сокинони шарафманди ноҳия яке аз аввалинҳо шуда, Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барои дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №2, ҳавзаи якмандатии интихоботии рақами "Бобоҷон Ғафуров" рақами 14 ҳозир шуда, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони биҳиштосо ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсӣ раъйи худро дод.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар қаламрави ноҳия ду ҳавзаи якмандатии интихоботи умумиҷумҳуриявии “Бобоҷон Ғафуров”, №14 ва “ӯрунхӯҷаев”, №15, 9 ҳавзаи интихоботии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 40 ҳавзаи ноҳиявӣ ва 319 ҳавзаи интихоботии маҷлисҳои ҷамоат ташкил шуда буданд.

Комиссияҳои ҳавзавӣ дар ҳайати раис, котиб ва аъзоён фаъолият доштанд.  Дар дафтари кории комиссия гӯшаҳои интихобот, матни қонунҳо дар бораи интихобот ва дастурамалу роҳнамо, лавҳаю овезаҳо, рӯйхати навбатдории аъзоёни комиссия, харитаи маҳалли ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда буданд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот бо раисон ва котибони ҳавзаи интихоботӣ ва аъзоёни онҳо семинар - машваратҳо доир гардиданд.

Дар 101 участкаҳои интихоботӣ 239 164 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз онҳо 115 517 нафар занон буда, 4426 нафарашон бори аввал овоз доданд. Номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17 нафар буда, (9 нафар аз ҲХДТ, 1 нафар аз ҲКТ ва 7 нафарашон тариқи худпешбарӣ), ба Маҷлиси халқи ноҳия бошад, 122 номзад, (аз онҳо 40 нафар аз ҲХДТ, 6 нафар аз ҲКТ, ва 76 нафар тариқи худпешбарӣ) ба қайд гирифта шуда буданд. Номзадҳо ба вакилӣ ва шахсони боэътимоди онҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, дар вохӯриҳо интихобкунандагонро бо барномаҳои пешазинтихоботӣ шинос намуданд. Ҳамаи тадбирҳои пешазинтихоботӣ ба он равона карда шуданд, ки маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот аз рӯйи қонун, тариқи озод ва демократӣ гузаронида шуда, вакилони арзанда интихоб гарданд.

Бисёр хурсандибахш аст, рӯзи гузашта яъне 2 - уми март, тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маърифати баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба учаткаҳои интихоботӣ омада, ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистони азиз овоз доданд.  

Муҳим он аст, ки интихобкунандагон ҳуқуқҳои худро хуб дарк карданд ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуданд.

"Парвозгоҳи бузургон"- нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.