ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ
Ба муносибати гусели аввалин даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло дар саҳни комиссариати ҳарбӣ чорабинӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони бо нангу номуси диёр дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он, барои хизмати содиқона ба Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд. Имрӯз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҷавонони саодатманди ноҳия, бо масъулияти баланди ватандорӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваста, барои ҳимояи марзу буми Ватан саҳмгузор хоҳанд шуд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”