МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИИ 14356-И НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Мудофиаи кишвар маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 14356-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони Парчами давлатӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Дар маросими мазкур муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ наваскароне, ки дар даъвати баҳории соли равон шомили Қувваҳои Мусаллаҳ гардидаанд, ба маркази майдони сафороии қисми низомӣ тантанавор саф ороста, бо даъвати афсарон ва дар назди ҳозирин сатрҳои савганди садоқатмандӣ ба халқу Ватанро ба забон оварданд.
Боиси тазаккур аст, ки баъди ёд кардани Савганди ҳарбӣ, ҳар як наваскар сарбози комилҳуқуқи Ватан мегардад ва аз ӯ пеш аз ҳама интизоми баланди ҳарбӣ дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад.
Дар идома наваскарон, садоқату самимият ва муҳаббати худро бо ибрози сатрҳои басо ҳам пурифтихори хизмати содиқона ба халқу Ватан нишон дода, изҳор доштанд, ки дар ин роҳи пуршараф қадамҳои устувор мегузоранд ва хизмати масъулиятноки низомиро сарбаландонаву саодатмандона пеш мебаранд.
Баъд аз табрикоту таманиёт, модари яке аз наваскарон ибрози андеша намуда, изҳори сипосмандии худро ба давлату ҳукумат, махсусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамовардани шароити мусоид ба хизмати ҳарбӣ ва дастгирии ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии давлат баён дошт.
Дар ин рӯз дар маросими савгандёдкунӣ беш аз 130 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуданд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон"