Бишарофат Раҳимова, истиқоматкунандаи минтақаи назди сарҳадии ҷамоати деҳоти Хистеварз, зимни суҳбат чунин иброз дошт
- Муноқишаҳои марзӣ ва даргириҳои рӯзи гузашта, тамоми сокинони минтақаи назди сарҳадиро ба ташвиш овард. Мардум то андоза ба таҳлука афтоданд, ҳарчанд ба хотири амнияти шаҳрвандон сокинон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, тамоми шаб ҳарбиён тинҷиву оромии маҳалларо нигоҳ медоштанд. Шукрона, ки имрӯз оғоз аз субҳи соати 9:00 вазъ дар минтақа беҳтар шуд.
Солҳост, ки мо бо мардуми қирғиз дар фазои сулҳу оромӣ дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем. Маводи озуқавориашонро аз бозори Хистеварз харидорӣ мекарданд. Ва барои табобату шифоёбӣ низ ба духтурони мо муроҷиат ва аз беморхонаҳои мо бархурдорӣ доштанд. Ҳатто хатсайри дохилӣ фаъолият мебурд, ки аз маркази ҷамоат то маҳаллаҳои қирғизнишин «88-Достук» ба аҳолии ҷониби қирғиз то давраи пандемия хизмат мерасонд. Дар чорабиниҳои фарҳангии мо пайваста иштирок менамуданд. Хоса оини ҳамсоядорӣ ба хубӣ аз ҷониби мо риоя мешуд. Аммо аз чӣ бошад, ки чунин нофаҳмиҳоро ба миён оварда, ба муҳаббати ҳамдигар халал ворид месозанд. Муноқишаи дирӯза бадтарин нофаҳмие буд, ки даҳсолаҳои охир мардум дар хотир надоранд.
Бояд гуфт, ки мо мардуми ваҳдатгаро ҳастем ва ҳамеша хостгори сулҳу суботи комил мебошем. Ҳамсоядориро бо тамоми таомулаш риоя мекунем. Муждаи умедворкунандаи сарони давлатҳо, ки имрӯз тибқи суҳбати телефонӣ ба анҷом расонида шуд, моро рӯҳбаланд намуда, дар ниҳодамон итминони барқароршавии муносибаҳои дуҷонибаро афзун намуд. Албатта, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин вазъият пурра баррасӣ ва шодиву нишоти ҳарду ҷониб рӯзафзун мегарданд.