ВАЗИФАИ ДАСТАҶАМЪӢ

Вохӯрӣ

    Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар маҳаллаи "Бойбута"-и ҷамоати деҳоти Исфисор бо иштироки сокинони маҳаллаи мазкур мулоқоти гурӯҳи тарғиботии ноҳия доир гардид. 

Дар мулоқоти мазкур Юсуфӣ Акбар - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Холов Қосимҷон - намояндаи КДАМ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Халифаёр Парвиз - мудири шуъбаи рушди иҷимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Темиров Улуғбек - мудири бахши оид ба корои дин, танзими ҷашну маросим , Искандаров Фирӯз - сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва кормандони Ҷамоати деҳоти Исфисор иштирок ва суханронӣ намуданд. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ бо шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳадафҳои эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ, тариби суханронии Савраи давлат, ки санаи 09.03.2024 бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, вусъат додани корҳои ободонии маҳал, истифода пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва ба ин васила захиракунии маводи ғизоӣ барои ду сол, рушди ҳунармандӣ ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани бекорон, истифодаи сарфакоронаи об ва қувваи барқ, баландбардории ҳисси ватандустии ҷавонон дар самти хизмати харбӣ, вазъи сарҳадот ва муносибатҳои ҳамсоядорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, экстремизми динӣ, риояи фарҳанги либоспушии миллӣ, қонунҳоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Коснститутсия суҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.