Ҷамоати деҳоти Чашмасор: ИДОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ ТАРҒИБОТИИ НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Деҳаҳои Шаббода, Хулбазор ва Чашмаи Зулол-и Ҷамоати деҳоти Чашмасор аз деҳоти дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб ёфта, аз маркази ноҳия тақрибан 70 км ва аз маркази Ҷамоат дар масофаи25-30 км ҷойгир гардидаанд.
Ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кормандони масъули Ҷамоати деҳоти Чашмасор дар баробари баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ бо вазъи зисту зиндагонӣ ва муаммоҳои ҷойдоштаи деҳаҳои номбурда шинос шуданд.
Тарғиботчиён зимни суханронӣ дар доираи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ дар бораи тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (09.03.2024), пешгирии ҷинояткорӣ, оқибатҳои харобиовари шомилшавӣ ба равияҳои тундгаро ва моҷароҷӯ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, посдории анъанаҳои фарҳанги баланди ниёгон, заминдорӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаи ҷомеаи ҷаҳони муосир дар муқоиса бо рӯзгори тинҷу ободи мардуми Тоҷикистон корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир намуда, идома бахшидани корҳои бунёдкориву созандагиро ба хотири устувории ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ талқин намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.