ДАР ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ, ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

     Дар асоси қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 06.09.2024, №458 санаи 18 сентябри соли равон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум ташкилу баргузор карда шуд. Кори иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло сарварӣ намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи Маҷлис шинос намуд.

       Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис дар бораи «Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №629 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуфӣ Акбар маърӯза пешниҳод намуд. Дар музокираронӣ оид ба масъалаи баррасишуда вакили Маҷлиси ноҳиявӣ аз ҳавзаи интихоботии «Мусаффо, №17» Абдуллозода Сабоҳат иштирок намуд.

     Сипас вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Марказ, №11» Ҷабборова Дилафрӯз оид ба рафти иҷрои ваколати вакилии худ дар назди иштирокдорон ҳисобот пешниҳод намуд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

      Дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуд. 

     Бо вазифагузорӣ оид ба тақвият бахшидани рафти амалишавии қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 22 январи соли 2024, №60 “Дар бораи Барномаи маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2023-2027” ва нақшаи амалисозии он кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҷамъбаст карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.