КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр ва намояндаи шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Холов Қосимҷон дар доираи мавзӯи «Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» оид ба масъалаҳои пешгирии ҳамаи намуди ҷинояткориҳо, динзадагӣ ва хурофот, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ бо мисолҳои воқеӣ суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров