ЁВА: ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ – ВАЗИФАИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА

         Мулоқоти навбатии роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва қудратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо сокинону фаъолони деҳоти Ёва ташкилу баргузор карда шуд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Ёва Далер Қаҳорзода иштироки муовини Раиси ноҳия Юсуфӣ Акбар ва сардори шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷуразода Самандарро муаррифӣ намуд. Иштирокдорон роҷеъ ба ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир, масъалаҳои вазъи ташвишовари ҷаҳони муосир, самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон ба равияҳои ифротиву тундгаро, масъулияти волидайну омӯзгорон дар тарбияи дурусти кӯдакону наврасон, ҷиноятсодиркунӣ, тадриси ғайриқонунии динӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбурд бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистиву террористӣ, татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои ва ҳарбӣ хизмати ҳарбӣ, танзими ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва дигар масъалаҳои муҳиму мубрам бо мисолҳои воқеӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, барои пешрафту шукуфоии давлат, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ саҳмгузор бошанд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.