ҲОМИЁНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА

      Ба истиқболи Рӯзи кормандони милитсия дар маҷлисгоҳи Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси идона баргузор гардид.

 

        Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ кормандони мақомоти милитсияи ноҳияро аз номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода муборакбод намуд. Гуфта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошад. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Дар идома ба кормандони пешсафи мақомоти милитсия Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.