ҲИЗБИ МО – ИФТИХОРИ МОСТ!
Таҷлил
Бахшида ба 30-юмин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, фаъолон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун, чорабинии тантанавӣ таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ифтихори мост!" баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия, Амир Анварзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Сухани халқ” Ёсуман Аҳмадзода иштирок ва ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ниҳоди бузурги сиёсӣ буда, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту дигаргуниҳои куллии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва равобити хориҷии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон шароити мусоид ва пешрафту тараққиётро фароҳам овардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози таъсисёбии ҳизб таъкид карда буданд, ки ҳадафу мақсади ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд пеш аз ҳама ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро ба мақсад бароварда тавонад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад. Бо ҳамин ҳадафҳо 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт. 30 марти соли 1996 Анҷумани 2 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида буд.
25 июни соли 1997 Анҷумани 3 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон баргузор шуда, ба номи ҳизб илова ворид карда шуд ва аз ҳамон рӯз эътиборан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурда мешавад.
18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб намуд.
23 сентябри соли 1999 Анҷумани 5 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
Ҳақиқатан ҲХДТ дар ҷомеаи имрӯза соҳибэҳтирому соҳибнуфуз буда, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам шараф асту ҳам масъулият. Тавре ки Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд:
“Ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад”.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор роҳбарон, фаъолон ва ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, тарғиби ғоя ва барномаҳои ҳизб миёни қишрҳои ҷомеа бо Сипосномаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи калони омода намудаи бахши фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ шукуҳи тоза касб намуд.
Муяссара Солиева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.