Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Июн23

Ҷойҳои намоёни намояндагони ноҳия дар Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав”

E-mail Чоп PDF

Ҷойҳои намоёни намояндагони ноҳия дар Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав”Дар Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав”, ки бегоҳии рӯзи 16 июн дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» -и маркази вилоят доир гардид, гулпарварон ва ошпазҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ иштирок намуданд.

Дар Фестивали мазкур дар бахши “Оши чойхонаи беҳтарин” намояндаи ноҳия Зокир Файзиматов ғолиб омад ва соҳиби 3000 сомонӣ гардид. Миёни гулпарварон бошад дар бахши “Икебанаи беҳтарин” намояндаи дигари ноҳия Малоҳат Бобоева ғолиб омад ва ӯ низ соҳиби 3 000 сомонӣ шуд.

Муфассал...
 
Июн23

Замин барои 1700 оила

E-mail Чоп PDF

Замин барои 1700 оилаБеш аз 1700 оилаи ниёзманди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд соли равон барои сохтмони хона соҳиби 6 - садякӣ (0,06 - гектарӣ) замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аксари ин оилаҳо дар шаҳраки бунёдшавандаи Сайҳун соҳиби замин гардидаанд.

Муфассал...
 
Июн08

Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ

E-mail Чоп PDF

Бахшида ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади  тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, рӯзгордорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар партави қарори Раиси вилоят  «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Фестивали  «Гулҳо» ва «Оши палав» дар мактаби хонандагони лаёқатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои шавқовар баргузор гардиданд.

Хонандагон таҳти роҳбарии омӯзгор Мирзошокир Раҳматов  маҳфили рӯзгордорӣ ороста дар он  тарзи  пухтани оши палавро намоиш доданд. Аъзоёни маҳфили «Кадбону» бошад,  тарзу тариқи пухтани самбӯсаи алафӣ ва  фатири равғанинро аз устодашон Муҳиба Маҳмадалиева омӯхтанд.

Муфассал...
 
Июн04

Идомаи навсозии роҳи кӯчаи Исмоили Сомонӣ

E-mail Чоп PDF

Соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд соли роҳҳои обод эълон гардида буд ва дар натиҷа соли сипаришуда ҳолати беш аз 2800 км роҳҳо беҳтар карда шуд.

Бо мақсади ба таъмир фаро гирифтани роҳҳои ҳудуди вилоят соли ҷорӣ низ идомаи соли роҳҳои обод эълон гардидааст. Дар ин раванд бо истифода аз боду ҳавои мусоид мумфаршкунии пурраи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ғафуров ҷараён дорад.

Дарозии ин роҳ 11 км ва паҳноияш 12 метрро ташкил мекунад ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мумфарш мешавад.

Муфассал...
 
Сахифаи 54 аз 69

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз286
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ33929
mod_vvisit_counterҲамагӣ1343985

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ