Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро ба истифода супориданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамон Исомаддинов бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи июни соли 2020 оғоз гардида, ҳангоми бунёди он 60 нафар матахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буданд.