Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Апр23

Оғози силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Иди Ғалаба дар Ёва

E-mail Чоп PDF

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷамоати деҳоти Ёва силсилаи маҳфилу нишастҳои адабиву фарҳангӣ ба ёди иштирокчиён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид.

Дирӯз дар маҳаллаи Лаби Канали Ҷамоат ингуна чорабинӣ бо иштироки ветеранҳои меҳнат, оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Афғонистон, ҳамчунин аскарони нав аз аскарӣ баргашта, ҷавонону наврасон баргузор гардид. Ҳозирин дар радифи даҳҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳаммаҳаллаашон Холматов Саид ва қаҳрамони ақибгоҳ Ашӯрова Марям ёд карданд.

Муфассал...
 
Апр21

Обёрии заминҳо дар Унҷӣ беҳтар шудааст

E-mail Чоп PDF

Дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мавсими имсолаи таъминоти аҳолӣ ва кишоварзон бо оби полезӣ назар ба солҳои қаблӣ сифатан беҳтар карда шуд.

Барои таъмини аҳолӣ бо оби полезӣ дар ин минтақа 14 адад чоҳҳои амудӣ шабонарузӣ фаъол гардонида шуда, зиёда аз 140 га замини  ҷамоатро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Тибқи супориши Раиси вилоят пойгоҳи обкашии Унҷӣ, ки барои обёрӣ намудани зиёда аз  1500 гектар замин пешбинӣ шудааст, дар мавсими имсола аз таъмири хушсифат бароварда шуда, назар ба солҳои қаблӣ пештар мавсими обёриро оғоз намуд.

Муфассал...
 
Апр17

Дар ноҳия 1396 нафар довталаб аз қайд гузаштанд

E-mail Чоп PDF

Бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан ба довталабон соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 7 нуқтаи бақайдгирии доимоамалкунанда, таъсис дода шудааст.

Аз ҷумла, ҷараёни сабти номи довталабон дар нуқтаи бақайдгирии № 02/07 ноҳияи Б.Fафуров, ки дар бинои Гимназияи №1 ба номи Абдурасул Нозиров ҷойгир аст, бо маром идома дорад.

Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ Дадобой Рустамов иброз намуд, ки аз рӯзи аввали қабули ҳуҷҷатҳо то 31 марти соли ҷорӣ 1396 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия ҳуҷҷатҳои худро аз рӯи 12 ихтисос ба кластерҳои  1-5 супориданд. Мавсуф зикр дошт, ки имсол ҳуҷҷатсупории духтарон хеле афзудааст, то санаи зикршуда 854 нафар духтарон ва 542 нафар писарон , 114 нафар  довталабони солҳои қаблӣ хатмкарда аз қайд гузаштаанд.

Муфассал...
 
Апр16

Ифтитоҳи маркази адрасу атласбофӣ дар ноҳия

E-mail Чоп PDF

Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода аввалин маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо” ба фаъолият оғоз намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар ин марказ 20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 15 мошинаи чокдӯзӣ насб карда шуда, дар маҷмӯъ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Раиси вилоят ва ҳамроҳонаш нахуст бо маҳсули дасти занони ҳунарофари вилоят шинос шуд. Тавре зимни шиносоӣ зикр гардид, мардуми тоҷик аз қадим дорои анъанаву фарҳанг ва сару либоси  миллии хеш буданд ва анъанаҳои мардумии мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ шинохта шудааст.

Ҳадаф аз роҳандозии чунин тадбирҳои муҳим бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, коҳиш додани  сафи занони муҳоҷир, соҳибкасб намудани занҳои хонашин, бароҳ мондани меҳнати хонагӣ ба ҳисоб меравад. Бо  ин мақсад тибқи дастури  Раиси вилоят бояд соли ҷорӣ дар тамоми ҷамоату деҳоти шаҳру навоҳии вилоят чунин марказҳо таъсис дода шавад.

 
Сахифаи 90 аз 100

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3099
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ91428
mod_vvisit_counterҲамагӣ1691763

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ