ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХ
Аслан, зиндагӣ шабеҳи саҳнаи театр аст. Ин саҳна ҳам барои ҳунарманд ва ҳам барои тамошогар муқаддас буда, ҳар касе, ки рӯи он мебарояд, заҳмати зиёде мекашад, то ба назари бинанда худро хуб ва намуна нишон диҳад. Ҳар касе, ки ба олами вуҷуд меояд, рӯи саҳнаи зиндагӣ, нақши мушаххаси худро иҷро хоҳад кард. Нақшҳо мусбату манфӣ, хубу бад, хирадманду ҷоҳил, одилу золим мешаванд. Ба ин хислатҳои инсонии рӯи саҳна танҳо ва танҳо тамошогар баҳои ҳаққонӣ медиҳад. Офарандагони нақшҳо туфайли сифатҳои гуногуни худ ба олами ботинии бинанда таъсири амиқ мерасонад.