Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтилениро дар шаҳри Бӯстон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
7 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова бунёд ёфта, дар ин ҷо бо васлу насби хатҳои муосири технологӣ асосан истеҳсоли халтаҳои гуногуни полиэтиленӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоти он аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад.