Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух оғоз бахшида, аз намоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинонидани ниҳолҳои себ оғоз бахшиданд.
Дар боғи мазкур дар асоси тавсияи мутахассисон дар як гектар 1250 бех ниҳол шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд 3900 бехро ташкил медиҳанд.