БА ИСТИҚБОЛИ 90 – СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «ХУҶАНД» - нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров РАВЗАНАИ ДИРЎЗУ ИМРЎЗ...
"Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст".
Садриддин АйнӢ
Мусаллам аст, ки матбуот вобаста ба эҳтиёҷу талаботи мардум ба вуҷуд омадааст, ки матлаби маънавию фарҳангии аҳли ҷомеаро қонеъ мегардонад. Матбуот мисли оинаест, ки ҳодисаҳои таърихро инъикос мекунад. Ва ҳамчунин сарчашмаи мӯътамад дар шинохти саҳифаҳои гузаштаву рангини имрӯзаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин росто ҳафтаномаи "Хуҷанд"-ро метавон қайд кард, ки чун таҷассумгари ҳаёт, оинаи рўзгори ҷомеа дар назди таърих хизмати шоистаро соҳиб аст. Таърихи мавҷудияти рўзнома ду давраро дар бар мегирад: давраи мукаммали шўравӣ ва замони соҳибистиқлолиро аз сар гузаронида, дар ҳар давру замон чун дидаи бедори ҷомеа набзи айём гардидааст.