НАВРӮЗ ИДИ ҲАМАГОН АСТ!
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои таълимиву солимгардонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд бо ҷалбу дастгирии сарпарастони вобасташуда чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ ташкилу баргузор карда шуд. Чорабиниҳои наврӯзӣ дар мактаб-интернати кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров ва Маркази барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакони вилояти Суғд бо иштироки шахсони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ва Парвиз Халифаёр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Меҳмонони расмии чорабинӣ тарбиятгирандагон ва ҷомеаи меҳнатиро аз номи роҳбарияти вилояту ноҳия бо Наврӯзи Аҷам табрик намуданд.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода таманниёти идонаи Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ расонида, таъкид дошт, ки маҳз азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин асолати фарҳангдӯстӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он буд, ки ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Ҳамчунин ба кормандони ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои номбурда ҷиҳати садоқаташон ба касби пешакардаашон таваҷчӯҳи махсус зоҳир намуда, барои меҳнату фидокориҳояшон дар раванди таълиму солимгардонии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд изҳори сипосмандӣ баён карда шуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.