ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамасола аз санаи 2 - юм то 9 - уми апрел Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон" дар саросари кишвар баргузор мегардад. Тибқи нақша - чорабинии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дирӯз дар китобхонаи марказонидашудаи ноҳия ва китобхонаи бачагона Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон" бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона - филиалҳо баргузор гардид. Чорабиниро Бимоҳру Қосимӣ, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз баргузории фестивал, дар доираи он баргузории озмунҳои гуногунро дар баланд бардоштани ҳисси китобдӯстии хонандагон муҳиму муассир баён намуд. Иштирокчиён аз руи 5 шарти озмуни “Китобхони беҳтарин” байни ҳам сабқат намуданд. Ҳамзамон дар даромадгоҳи бинои шуъбаи фарҳанг аз ҷониби хонандагон намоиши ҳунарҳои миллӣ ташкил гардид. Дар охир ғолибони бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”