ҒИЗОИ БЕҲТАРИН

Парвариши кӯдак бо шири пистон аҳамияти муҳим дорад, зеро барои саломатӣ ва хуб ба воя расидану рушди камолоти ӯ ғизои беҳтарин  ба шумор меравад. Шири модар дар таркиби худ моддаҳои сафеда, моддаҳои минералӣ ва моддаҳои ғизодиҳандаву омилҳои зиддисироятӣ дорад, ки барои кӯдак ғизои комил ба ҳисоб меравад. Ширмакконии навзод дар дақиқаҳои аввали пас аз таваллуд боиси он мегардад, ки кӯдак ба бемориҳои сироятӣ кам дучор шавад, қабзият дида нашавад, барои ба вуҷуд омадани микрофлораи солим дар организми кӯдак мусоидат мекунад. Дар ду-се рӯзи пас аз таваллуд фалла, яъне шири аввалин, ки ранги зардчатоб дорад, ҳосил мешавад ва ба кӯдак ҳамчун эмкунӣ таъсир расонида, кӯдакро ба миқдори зиёди маводи муҳофизаткунӣ ва витаминҳо таъмин мекунад.

Инчунин шири пистон дар вақти маконидан таркиби худро вобаста ба синну соли кӯдак тағйир медиҳад. Дар вақти ширмаконӣ модар бояд ба гигиенаи шахсии худ риоя намояд, дар он вақт аз бемориҳои сироятӣ кӯдак эмин мемонад.

Кӯдак аз рӯзи таваллуд то 6 моҳ бояд танҳо аз шири модараш ғизо гирад. Дар ин муддат ба кӯдак додани ғизои иловагӣ ва об лозим нест, зеро шири модар ҳамаи маводи лозимаро ба кӯдак таъмин мекунад. Манфиатнокии шири модар аз ҷиҳати иқтисодӣ низ дар он аст, ки маблағи иловагӣ талаб намекунад, аз ҷиҳати сифатнокӣ бошад, аз дигар ивазкунандагони шири модар беҳтар аст. Модар бояд донад, ки пас аз 6 моҳагӣ ҳам, ғайр аз шири модар танҳо бо маслиҳати табиби оилавӣ ба кӯдак додани ғизои иловагӣ тавсия дода мешавад. 

Шири модар ғизои солиму ҳаётбахш буда, барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак  мусоидат мекунад. Ҳар як кӯдак бояд то синни се солагӣ аз шири модар баҳравар гардад.

Мунзифа Хоҷаева, роҳбари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.