Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Тандурустӣ

ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ, КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

E-mail Чоп PDF

Тӯли солҳои охир таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати муассисаҳои тандурустӣ назаррас гаштааст. Дар давраи ҳисоботӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои муайян иҷро шуданд.

Бахри баланд бардоштани базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои бистарии ноҳия бо истифода аз буҷети маҳаллӣ ва суратҳисоби махсус ба маблағи 470,4 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳову техникаҳои тиббӣ ба монанди дефибриллятор, микроскопҳо, ҷевонҳои безараркунии хушк, оксигенираторҳо, ларингоскопҳо, аробачаи маъюбӣ, автоклавҳо, анализаторҳои гемотологӣ, электролитӣ, имуноферментӣ, сентрафуга, инфузамат, катҳои бачагона ва ғайраҳо харидорӣ карда шуданд.

Дар ҳамкории ҳамҷоя ва баъди дастгирии лоиҳа аз тарафи сафоратхонаи Ҷопон ба маблағи 401,9 ҳазор сомонӣ ба шӯъбаҳои таваллуд, навзодон, кӯдакона, эҳё ва ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия дастгоҳҳои муолиҷавию ташхисӣ ворид карда шуданд.

Беморхонаи ҷамоати деҳоти Чашмасор бо нақлиёти “Мошини ёрии таъҷилӣ” таъмин гардида, аз ҳисоби воҳидҳои кории холигии сохтори шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар заминаи маркази саломатии деҳотии “Исфисор” шӯъбаи ёрии таъҷилӣ ташкил шуда, мардуми маҳал бо хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин карда шуданд. Инчунин таъмири бом ва саҳни бинои Маркази саломатии ноҳия, 11 адад марказҳои саломатии деҳотии ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Овчиқалъача, Д.Холматов, Чашмасор ва Ҳ.Усмонов ба маблағи 613,0 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ва суратҳисоби махсуси шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба маблағи 297,8 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири ҳозиразамон ба монанди дастгоҳи ИФА (барои таҳлили гепатити А,В,С), анализатори гематологӣ, анализатори биокимёвӣ, дастамаҷмӯи ташхисию таҳлилӣ ва 25 адад таҷҳизоти техникии компютерӣ харидорӣ карда шуд.

Дар давоми сол аз тарафи мутахассисони шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар якҷоягӣ бо Маркази солимии репродуктивии ноҳия 25 маротиба “Корвони саломатӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкилу баргузор карда шуда, бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва занҳои қобили таваллуд аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд.

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №208 аз 11.03.2015 бахшида ба Соли оила дар қаламрави ноҳия таҳти шиори «Оилаи солим-миллати солим» аксия гузаронида шуд, ки дар он беш аз 1500 нафар шаҳрвандон ба маблағи зиёда аз 3,0 ҳазор сомонӣ тариқи ройгон муоина гузаронида шуда, маслиҳатҳои муфиди мутахассисони ноҳияро гирифтаанд.

Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Бо мақсади тарғиб намудани фарҳанги баланди муошират дар симои оилаҳои намоён, шахсиятҳои барӯманд, дарёфти пешгирии пошхӯрии оилаҳо, тавлидшавии кӯдакони бемор ва тарғиби арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ба ин восита даъват намудани мардум ба ваҳдату сарҷамъӣ дар Соли оила маҳфили доимоамалкунандаи “Оилаи солим- ҷомеаи солим” ташкил карда шуда, тибқи ҷадвали алоҳида дар ҳамаи 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.

Баҳри омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои номатлуб шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, шӯъбаҳои маориф ва рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия гурӯҳи мақсаднок таъсис дода, аз рӯи усули «Хона ба хона» бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Бобати баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, омода намудани духтарон ба оиладорӣ, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон, рафтори ғамхорона нисбати якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва якчанд масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан хеле муҳим аст, маҳфили “Кошонаи саодат” бо ҷалби тренерони варзида, ҳуқуқшиносон, табибон ва равоншиносон дар мавзӯъҳои “Одоби муошират”, “Роҳандозӣ намудани буҷаи оилавӣ”, “Одоби рӯзғордорӣ”, “Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зан дар санадҳои давлатӣ ва аз нигоҳи Ислом”, “Расонидани ёрии таъҷилии тиббии аввал дар ҳолатҳои фавқуллода” баргузор карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҳисоби шахсони барӯманду фаъол, занҳои рӯзғордида, собиқадорони меҳнат маҳфили “Университети бибиотунҳо” ва Шӯрои ҷамъиятии “Муросо” таъсис дода шуда, масъалаҳои ташвишовар аз қабили зиёд шудани бекоршавии никоҳ, ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, тарбияи фарзандон, танзими оила ва ҷашну маъракаҳо мавриди баррасиву муҳокимарониҳои аҳли ҷомеа қарор гирифтанд.

Соҳибкорзани ноҳия Зоидова Ойша барои пешниҳоди лоиҳа оиди “Ташкили фермаи чорводорӣ” ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ ғолиби гранти Президентӣ гардид.

Дар фестивал-озмуни вилоятии атласу адрас-2015, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, тарроҳони ноҳия Норчаева Гулҷаҳон сазовори ҷойи якум ва мукофотпулӣ ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ, Сатторова Ойша сазовори ҷойи дуюм ба маблағи 3,0 ҳазор сомонӣ ва Каримова Мадина сазовори ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ ба маблағи 2,0 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи чакан ва хандаи ҳусн”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тарроҳони ноҳия дар ҳайати гурӯҳи вилояти Суғд иштирок намуда, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардиданд ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, дар озмуни “Кадбонуи беҳтарини сол”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, кадбонуи ноҳия Ҷалолова Гулчеҳра дар ҳайати гурӯҳи вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардид.

 

 

Соҳаи тандурустӣ

E-mail Чоп PDF

Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар ноҳия 112 адад муассисаҳои табобатию профилактикӣ фаъолият намуда истодааст.  Аз ҷумла 1 адад Беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 7 адад беморхонаи рақамӣ, 3 адад беморҳонаи минтақавии деҳотӣ, 1 маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 адад марказҳои махсусгар-донидашуда, 31 марказҳои саломатӣ, 50 хонаҳои саломатӣ, 4 адад клиникаҳои хусусӣ ва 7 адад амбулаторию дармонгоҳҳои хусусӣ фаъолият доранд. Беморхонаи марказии ноҳиявӣ соли 1959 сохта шудааст. Беморхона аз 18 шӯъба иборат мебошад, аз ҷумла шӯъбаҳои амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, ҷароҳии кӯдакона, амрози занона, таваллуд, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, амрози гурда, шӯъбаи амрози дил, осебшиносӣ, шӯъбаи қабул, физиотерапевтӣ, шӯъбаи эҳё, амрози асаб ва ғайраҳо. Ҳамчунин ҷоизи қайд аст, ки дар ҳудуди ноҳия маркази ташхисию табобатии “Шамс” ва дармонгоҳи профилактикии ташхисию табобатии “Юсуфзода” ҷойгир буда, ба мардуми ноҳияву вилоят хизматрасонӣ менамояд. Дар байни кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 2 нафар дорандаи Ифтихорномаи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи медали шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 нафар номзадҳои илми тиб фаъолият менамоянд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ