БОЗОМӮЗӢ БАҲРИ БАЛАНДБАРДОРИИ МАЛАКАИ КАСБӢ
Тандурустӣ
Аз 22 то 24 – уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон Конгресси байналмилалии ҷарроҳон дар мавзуи “Мудохилаи ками инвазивӣ барои бемориҳои мухталифи узвҳои шикам ва сина” баргузор гардид. Дар ин конгресси бонуфуз дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо сарварии сарҷарроҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Саидилҳом Аҳмадзода, ҳамзамон ҷарроҳон - Назир Расулов, Қурбоналӣ Раҳмонзода ва аз беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳсин Алиев иштирок намуданд. Зимни суханронии ҳайати Тоҷикистон масъалаи “Интервенсияи каминвазивӣ барои эхинококкози ҷигар” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориву равобити судманди муштарак миёни кишвари Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар доираи рушд ва тақвияти соҳаи тандурустӣ курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои табибони ихтисосҳои гуногун дар шаҳри Машҳад фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар ин курси бозомӯзӣ зиёда аз 20 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз Тоҷикистон низ машғули таҷрибаомузӣ мебошанд. Аз ҷумла Алиев Муҳсин Маҳмудович муовини сартабиб оид ба корҳои табобатӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияро метавон зикр кард, ки баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ дар курси мазкур ширкат меварзад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров